Телефон дар хусуси ҷаримаҳои БДА маълумот медиҳад

Хизматрасонии «Шаҳри бехатар» аз оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба соҳибони мошинҳо кумак мекунад, ки дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда тавассути SMS огоҳ гардида, ба мушкилоти вобаста ба саривақт напардохтани онҳо дучор нашаванд. Маълумот дар бораи қоидавайронкуниҳои сабтшуда пас аз пайдо шудан дар махзани БДА дастрас мегардад. Нархи хизматрасонӣ 7 сомониро дар як моҳ бо назардошти ААИ ва андози аксиз ташкил медиҳад.

Вайронкунии қоидахои ҳаракат дар роҳ (ҚҲР) метавонад ба таври автоматй, бо ёрии видеокамераҳо сабт карда шавад. Дар ин маврид, ронандагон аксар вақт аз ҷаримаҳо дер хабардор мешаванд. Ва ин бо мушкилоти нав таҳдид мекунад,  масалан, мошинеро, ки ҷаримаҳои пардохтнашуда дорад, аз қайди БДА баровардан ва фурӯхтан мумкин нест. Хизматрасонии «Шаҳри бехатар» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба соҳибони мошинҳо кумак мекунад, ки худро аз душвориҳо канор гиранд.

Моҳияти хизматрасонӣ аз ин иборат аст: истифодабаранда SMS-дархост бо матни «СТАТУС” ба рақами 0008 мефиристад. Агар дар махзани маълумоти БДА маълумот дар бораи ҷаримаҳои ҳисобшуда мавҷуд бошад, соҳиби мошин паёми ҷавобиро бо нишон додани миқдори ҷаримаҳо ва намуди қоидавайронкунӣ, масалан, далели гузаштан аз ранги сурхи чароғак ё убур кардани хати яклухти роҳ, қабул менамояд. Инчунин, имконияти дидани аксҳоро аз камераҳои назоратӣ доред ва метавонед аниқ кунед, ки вайронкунии ҚҲР маҳз дар куҷо содир шудааст. Дар сурати набудани маълумот дар махзани БДА, ба рақами истифодабарандаи хизматрасонӣ SMS бо матни «Аз рӯи мошини шумо ҷарима ошкор карда нашудааст».

Барои пайвасткунии «Шаҳри бехатар» ба муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар телефони худ рақамчинӣ кардани дархости *0008# ва пахши тугмаи даъват кифоя аст. Барои танзимкунии пурра, бояд рақами давлатии мошин ва рақами шаҳодатномаи техникӣ нишон дода  шавад.

Дархостро ба рақами 0008 ҳар рӯз фиристодан мумкин аст. Сари вақт гирифтани маълумот барои дарҳол супоридани ҷаримаҳо ва пешгирии ҷамъшавии маблағҳои калоне, ки аз буҷети оила ҷудо карданашон душвор аст, имкон медиҳад.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *