Захира намоед! Дар Душанбе боз як шабонарӯз об намешавад

Интиқоли  оби нӯшокӣ дар бархе аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аз соати 23:00-и рӯзи 25-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 26-уми октябри соли 2022 қатъ мегардад.

Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе аз 5-уми октябри соли 2022, №522 «Дар бораи муваққатан қатъ намудани оби нӯшокӣ» дар истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» тасдиқ шудааст.

Ҳамин тариқ, интиқоли оби нӯшокӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ, шаҳракҳои 42, 43, 46, 62, 64 ва 65, маҳаллаҳои Сомон ва Равшангарон, кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад, Фирдавсӣ ва Неъмат. Қарабоев (аз 34 то 86/3), ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхотун, Чортеппа, шаҳракҳои 32, 33, 52, 53 ва 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф, А. Қаҳҳорӣ, П. Сулаймоӣ, Тургенев, Р. Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севостопол аз соати 23-00 рӯзи 25 октябр то соати 24-00 рӯзи 26 октябри соли 2022 қатъ мегардад.

Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандони хоҳиш кард, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз соати 23:00-и рӯзи 19-уми октябр то соати 24:00-и рӯзи 20-уми октябр низ дар баъзе аз ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт як шабонарӯз об қатъ гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *