Захираи 20 ҳазор тонна маҳсулот барои зимистон
Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» 20020,1 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст.
Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе нақша тартиб дода шудааст, ки тибқи он захираи маводи хӯрокворӣ бояд то 25-уми декабри соли 2023 пурра иҷро гардида, то ин муддат маҳсулот дар ҳаҷми зарурӣ захира карда шавад.
Аз ҷумла, тибқи нақшаи тасдиқшуда, бояд то 25-уми декабр 5000 тонна картошка, 7000 тонна пиёз, 1000 тонна сабзӣ, 6000 тонна гандум, 2000 тонна шакар, 500 тонна равғани растанӣ, 3000 тонна орд, 100 тонна биринҷ захира шавад.
Ғайр аз ин, дар нуқтаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе новобаста аз фасли сол, яъне ҳамарӯза ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудааст.
«Мақсад аз баргузории ин ярмаркаҳо — таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад»,- гуфт муовини директори КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ