Залмай Халилзод: ИМА хостори хотимаи ҷанг дар Афғонистон аст (Видео)

Халилзод гуфт, ки ба Тоҷикистон бо мақсади додани иттило дар бораи кӯшишҳои Амрико барои сулҳ дар Афғонистон ба мақомоти тоҷик омадааст ва пешниҳодҳои онҳоро дар ин замина шунавад.

Дирӯз, санаи 27-уми июн дар меҳмонхонаи “Ҳайат-Реҷинсӣ” — и шаҳри Душанбе бо иштироки Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон нишасти хабарӣ баргузор гардид. Дар он аз ҷумла ҷаноби Халилзод таъкид дошт, Тоҷикистон бо истифода аз нуфузи худ метавонад афғонҳоро ба сулҳ ташвиқ кунад.

“Амрико бо Русияву Чин дар масъалаи сулҳи Афғонистон ба созиш расидаанд ва ИМА умед дорад, кишварҳои дигар шомили ин созиш мешаванд ва нақши Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ҳаётӣ аст”,- мегӯяд ӯ. Халилзод гуфт, ки ба Тоҷикистон бо мақсади додани иттило дар бораи кӯшишҳои Амрико барои сулҳ дар Афғонистон ба мақомоти тоҷик омадааст ва пешниҳодҳои онҳоро дар ин замина шунавад.

Намояндаи махсуси Амрико таъкид дошт, ки агар як гуруҳ ё як қавм ё як мазҳаб ва ё як ҳизб бихоҳад, ҳама чизро ба дасти худ бигирад ва бо истифода аз қудрат дигаронро аз саҳнаи сиёсӣ ва иқтисодӣ дур кунад,  натиҷааш ҷанг хоҳад буд. Ин аз таҷрибаи 40-солаи Афғонистон бармеояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *