Аз 1 то 3-юм гармии ҳаво ба 44 дараҷа мерасад

Гармои шадид дар баландкӯҳҳо сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо, барфҳо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад. Эҳтимоли обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст.

Аз 1 то 3-юми июли соли равон ҳаво дар қаламрави кишвар гарм мешавад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Тибқи иттилои КҲФ, дар баъзе манотиқи мамлакат гармии ҳаво то ба 44 дараҷа мерасад.

“Гармои шадид дар баландкӯҳҳо  сабабгори бошиддат об шудани пиряхҳо, барфҳо ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад. Эҳтимоли обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст”, — омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ҳамчунин ҳузур дар назди дарёву дигар махзанҳои об эҳтиёткор бошанд.

“Талош кунед зери шуоҳои мустақими офтоб камтар истед. Дар ҳоли зарурат фаромӯш накунед, ки дар сар кулоҳ дошта бошед ва ё чатр бигиред.  Бештар об истеъмол кунед.  Дар ёд дошта бошед, ки аз гармо бештар кӯдакон ва солмандон ранҷ мебаранд”, — таъкид кардааст Кумита.

“Дар ин рӯзҳо дар роҳҳо махсус эҳтиёткор бояд, зеро дар гармо вазъи саломатӣ метавонад якбора тағйир ёбад, ҳаввос парешон шавад ва суръати эътино коҳиш ёбад”,-қайд мекунад ниҳод.

Инчунин, КҲФ аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ҳодисаҳои ногувор бо телефонҳои  112,  93 880 28 19 ва ё 223-13-11  хабар диҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.