Зам мешаваду кам не. Чанд мушкили иҷоранишин дар Душанбе

Моҳи декабр, баробари оғоз шудани зимистон барои сокинони пойтахт чанд мушкили нав пеш овард, вале иҷоранишинҳо дучанд дар ташвиш афтоданд. Зеро бештари соҳибхонаҳо аллакай ҳушдор додаанд, ки арзиши иҷораро боло мебаранд ва охири моҳ нархҳо тағйир меёбанд.

Иҷораи 1-хонагӣ 2500 сомонӣ!

Иҷоранишинон, махсусан донишҷуён, ки муҳтоҷи иҷораи хона ҳастанд, роҳи дигаре ҷуз розӣ шудан бо нархҳои гарони соҳибхонаҳоро надоранд. Азизҷон донишҷӯ буда, дар Душанбе дар манзили иҷора зиндагӣ мекунад. Ӯ ба пойтахт барои таҳсил аз ноҳияи дурдасти Шамсиддини Шоҳин омадааст. Ӯ бо ҳамроҳонаш дар иҷорахонаи якҳуҷрагӣ бар ивази 2000 сомонӣ зиндагӣ дорад. Азизҷон гуфт, соҳибхона аллакай ҳушдор додааст, ки охири моҳ 500 сомонии дигар ба болои пулашон зам карда супоранд ва онҳо бояд ё розӣ шаванд, ё иҷорахонаи нав пайдо кунанд.

Ӯ дар суҳбат изҳор дошт, ки иҷораашон дар биноҳои наздики Донишгоҳи омӯзгорӣ, дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир аст. Дар зимистон боз ҳамон хонаҳоеро бояд ба иҷора гиранд, ки шароити зиндагӣ дар зимистонро дошта бошад.

“Ҳамин чиз барои соҳибони хонаҳо баҳонаи хубест. Чанд рӯз пеш зани соҳибхона омада гуфт, ки аз охири декабр пулро зиёдтар супорем. Гуфтем, ки барои чӣ бояд нарх гарон шавад? Ӯ бештар масраф шудани қувваи барқ ва низоми гармидиҳиро баҳона овард, ҳарчанд пули барқро мо алоҳида месупорем ва он ба пули иҷора дохил намешавад”, — гуфт ин донишҷӯ.

Қамариддин, ки дар маркази шаҳр 2 хонаашро ба иҷора дода, худаш ҳоло дар ҳавлии падарӣ зиндагӣ дорад, зимни суҳбат гуфт, бо шурӯи фасли хунукӣ талабот ба манзилҳои иҷора афзоиш ёфта, иҷорапулӣ низ нисбат ба як моҳи пеш боло меравад. Ба баёни ӯ, арзиши манзили 1-хонагии иҷора, ки бо тамоми васоил муҷаҳҳаз аст, вобаста ба макони ҷойгиршавиаш аз 200 доллар шуруъ мешавад.

“Азбаски дар зимистон муҳоҷирон дар Русия кор наёфта, бармегарданд ва ҳам бештари сокинони ҳавлиҳо кӯшиш мекунанд хунукиҳоро дар хонаҳои баландошёнаи гарм гузаронанд, нарх боло меравад. Ба ғайр аз ин, хароҷот ҳам меафзояд, зеро истифодаи таҷҳизоти барқӣ афзоиш ёфта, маблағи барқ ду баробар зиёд мешавад. Барои оби гарм ҳам пул пардохт кардан даркору таҷҳизоти гармидиҳандаро бояд таъмир кунем”,- мегӯяд ӯ.

Омина ва мушкили ӯ

Ҳамсуҳбати дигарамон Омина бо як фарзанд дар пойтахт зиндагӣ мекунад. Ӯ дар ошхонае пешхизмат аст ва моҳона то 1500 сомонӣ кор мекунад. Омина дар суҳбат ба мо гуфт, ки аксари соҳибхонаҳо донишҷӯдухтар ё занҳои танҳои иҷорашин меҷӯянд. Ин иддаои ӯро эълонҳои иҷора дар сомонаҳои интернетӣ тасдиқ мекунанд.

“Ман бо як фарзандам аз шавҳар ҷудо шудам. Азбаски дар қишлоқ ягон кор набуд ва худам маълумоти олӣ ё касбӣ надорам, маҷбур ба шаҳр омадам. Духтарчаамро ҳам бо худам овардам. Хеле азоб кашидем дар иҷоракобӣ. Як ҳафта пеш хонаро ёфтам. Соҳибхона дар аввал гуфт, ки зани кӯдакдорро қабул намекунад. Вале ваъда додам, ки ӯро ҳар рӯз ҳамроҳи худам ба кор мебараму духтарчаам ба ягон ҷойи хона кордор нахоҳад шуд ва қабул кард. Акнун ӯ субҳ то шом дар ошхона телефонбозӣ мекунаду ман пешхизматӣ”,- гуфт ӯ.

Омина қисса кард, ки дар наздикии бозори “Деҳқон” бар ивази 400 сомонӣ иҷора менишаст, аммо соҳиби хона фарзандашро оиладор карду ҳафтае қабл онҳоро ҷавоб доданд. Баъди ин, Нилуфар дар интернет ба ҷустуҷӯи хонаи иҷораи дигар шуруъ кард. Дар ин раванд бо чанд соҳибхона вохӯрда, шароитро дидааст. Дар баъзе аз онҳо зимистонро гузаронида намешавад.

“Ба чанд хона рафтам. Рости гап, шароит надоштанд, вале нархи қиммат мегуфтанд. Баҳона мекарданд, ки аз пеш зимистон аст ва пули барқ зиёдтар мешавад, аммо ман рӯзи дароз дар корам ва истироҳат надорам. Фикр намекунам барқро он қадар зиёд масраф кунам”,- мегӯяд ӯ.

Самеъулло, иҷорашини дигари пойтахт сабаби тез-тез боло рафтани нархи иҷораро дар набастани шартнома мебинад. Ӯ гуфт, ки вақте иҷорахонаашро гирифт, бо соҳибхона барои як сол ба таври хаттӣ қарордод бастанд. Дар қарордод, ки як нусхааш дар дасти ӯст, арзиши иҷорапулӣ, ҳудуди он ва дигар шартҳо навишта шудаанд ва соҳибхона ҳуқуқ надорад, ки то замони анҷоми шартнома нархи онро боло барад.

“Бисёре аз иҷорашинҳо мутаассифона ин масъаларо намедонанд. Танҳо даҳонӣ шартнома мекунанд, ки муҳтавои он танҳо аз маблағи ҳақи иҷора иборат аст. Баъд соҳибхона чӣ хеле хоҳад, ҳамон хел нархро мемонад. Иҷорашин ягон илоҷ надорад, чунки агар розӣ нашавад, хонаро холӣ мекунад. Барои ҳамин, тавсия медиҳам, ки ҳатман шартномаи хаттӣ имзо кунанд”,- гуфт ӯ.

Интизорӣ аз Паём

Сокинон мегӯянд, ҳоло боз қарор аст аз 1-уми январ нархи истифодаи нерӯи барқ 16 дарсад боло равад, ки ин ҳам ба ҷайби онҳо таъсири калон мерасонад.

Дар асоси қарори Ҳукумати кишвар, ки 29-уми ноябр қабул шуд, аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 30,75 дирам пардохт хоҳанд кард. То ин вақт сокинон барои ҳар киловат тақрибан 27 дирам (26,51 дирам) медоданд. Нархи истифодаи барқ қариб ҳар сол боло бурда мешавад ва ин вазъ сабаби нигаронии сокинон шудааст.

Дар Тоҷикистон, ки маоши бештари кормандон аз 800 то 1200 сомонист, чунин нархҳо миёншикан маҳсуб меёбанд, зеро болоравии нархи хӯрокворӣ ва маводи сӯхту барқ болои сӯхта намакоб аст.

Умедвории асосии бештари шаҳрвандон ин аст, ки Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ рӯзи 28-уми декабр эҳтимол маоши ҳадди ақалу нафақаро андаке болотар бардоранд.

Мирсаид САТТОРИЁН,

рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *