Заминҷунбӣ дар ВМКБ ва таъсири он ба кӯли “Сарез”
Ин саҳар дар наздикии сарҳади давлатии Тоҷикистону Чин заминларза бо магнитудаи 7,3 балл рух дод. Тавре аз Институти заминларзашиносии АМИ ҶТ ба pressa.tj хабар доданд, ҷунбиши замин дар Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон низ ҳис карда шудааст.
Тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Чин, заминҷунбӣ соати 08:37-и вақти маҳаллӣ (5:37-и вақти Душанбе) ба қайд гирифта шудааст. Манбаъи заминларза дар умқи 10 км ва нуқтаи марказии он дар 82-километрии сарҳад бо Чин ҷойгир будааст.
Аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар доданд, ки дар Алмаато замин бо қувваи ду-се балл аз рӯи шкалаи МSК-64 ҷунбидааст.
Аз рӯи маълумоти Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ дар 65 км дуртар аз ноҳияи Мурғоб ва 30 км шарқтар аз кӯли Сарез замин бо қувваи 5 то 7 балл ҷунбидааст.
“Дар шаҳри Хоруғ 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 балл замин ларзидааст. Ягон қурбонӣ ва хисорте ба қайд гирифта нашудааст”,- гуфт котиби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.
Ҳудуди заминларза дар кишварҳои Осиё то 600 километрро дар бар гирифтааст. Баъд аз заминҷунбии асосӣ, ки соати 5:37 сурат гирифт, замин дар ҳудуди зикршуда чанд маротиба ба ҷунбиш омадааст.
Мувофиқи маълумоти АИ, чунин як заминҷунбӣ барои кӯли “Сарез” хатар эҷод мекунад. Гуфта мешавад, ки ҳоло масъулин ба тадқиқи қазияи заминҷунбӣ дар кӯли “Сарез” машғуланд.
Pressa.tj тамим дорад бо мутахассисони ин соҳа суҳбате орояд ва натиҷаҳои онро ба хонандагони худ пешниҳод намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ