Фарҳод Раҳимӣ

Заминларза дар Туркия, нигаронӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз нигоҳи заминҷунбӣ дар минтақаи нисбатан оромтар ҷой гирифтааст. Дар ин бора президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт.

Ӯ гуфт, ки заминларзаи шадид аслан дар минтақаи куҳҳои ҷавон сар мезанад ва чунин минтақаҳои зилзилахез бештар дар қаламрави Афғонистон, куҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳимолой ҷойгир мебошанд.

Хабар дода шуд, ки ҳар сол ҳудуди 20 ҳазор заминларза дар Тоҷикистон ба вуқуъ мепайвандад. Аз ин шумора танҳо аз 30 то 35 заминларза эҳсосшаванда мебошанд. Қавитарин заминларза дар таърихи кишвар 7,2 балл будааст.

Нигаронии сокинони Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран Туркия ва Сурияро заминларзаи шадид такон дод. Сокинони Тоҷикистон низ аз сифати биноҳои баландошёна нигаронӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *