Занҳои Хатлон дар шароити хона замбурӯғи садафӣ истеҳсол мекунанд
Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар ҷануби Тоҷикистон 33 оила ба парвариши замбурӯғи хӯрданибоб ҷалб гардида, аз ин ҳисоб ҳар яки онҳо наздик ба 5000 сомонӣ даромад ба даст овардаанд. Онҳо ният доранд, ки то охири сол мизоҷонро бо замбурӯғи садафӣ ва консерваи замбурӯғӣ таъмин намуда, ба рушди ин соҳа дар вилояти Хатлон тақвият бахшанд.
Ба андешаи коршиносон, замбурӯғпарварӣ метавонад дар амалигардонии Лоиҳаи давлатӣ оид ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмини ҷойҳои корӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” мусоидат кунад.
Гулбаҳор Бозорова — сокини деҳаи дурдасттарини ноҳияи Носири Хусрав дар шароити хона ба таври инкубатсионӣ парвариши замбурӯғи хӯрданибобро ба роҳ мондааст. Ӯ моҳҳои сентябру октябр аз 100 халта компостҳои замбурӯғӣ то 160 килограмм ҳосил ба фурӯш баровард, ки даромадаш аз ин ҳисоб беш аз 4000 сомониро ташкил дод.
“Ҳар як килограмм замбурӯғи садафиро мизоҷон бо арзиши аз 30 то 35 сомонӣ харидорӣ намуданд. Умед дорам, ки ҳосили севум низ самараи хуб медиҳад”,- мегӯяд Гулбаҳор.
Дар ҳоли ҳозир харидори аслии маҳсулоти эшон масъулини ошхонаву тарабхонаҳо ба ҳисоб мераванд. Сарфи назар аз он, ки деҳаи Лолазори ҷамоати Истиқлол аз маркази ноҳияи Носири Хусрав ба воситаи нақлиёт 30-дақиқаина роҳ аст, мизоҷон омада, аз хона маҳсулоти Гулбаҳорро харидорӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ин зани замбурӯғпарвар, дар баробари маҳсулоти хом, инчунин, харидорон замбурӯғро дар шакли консерва ва хӯришҳои гуногун фармоиш медиҳанд. Ҳамаи инро Гулбаҳор Бозорова ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ буданаш аз зани рустабор омӯхта, имрӯз бо ин васила аробаи зиндагиашро мечархонад.
“Соли 2019, ҳангоми муҳоҷирати меҳнатиям дар Федератсияи Русия зани солмандеро парасторӣ мекардам. Рӯзҳои истироҳатӣ бо ҳамроҳии вай ба замбурӯғчинӣ мебаромадем. Ин зан ба ман омода намудани консерваи шампинон ва ҳар гуна хӯришҳоро аз замбурӯғ омӯзонид. Вақте ба Ватан баргаштам, шунидам, ки Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” барои замбурӯғпарварӣ омӯзиш мегузаронад. Имкониятро аз даст надода, анкета супоридам. Пас аз давраи омӯзиш ба мо 100 қуттӣ компост доданд. Онҳоро дар хона бо технологияи махсус нигоҳубин мекунем. Дар сурати риояи дурусти технологияи парвариш имкон ҳаст, ки ҳар яки он то се маротиба ҳосил диҳад”,- илова намуд Гулбаҳор Бозорова.
Мувофиқи дастурамале, ки мутахассисон ба замбурӯғпарварон додаанд, ҳар як компосте, ки дохили он нуриҳои маъданӣ ва тухмии замбурӯғ пур карда шудааст, дар сурати риояи дурусти парвариш, метавонад то 3 килограмм ҳосил диҳад.
Ба хотири нигоҳ доштани намнокӣ мувофиқи технологияи парвариш замбурӯғпарварон бояд дар як шабонарӯз то 12 маротиба ба компостҳо об пошанд. Аз сабабе, ки Гулбаҳор дар муассисаи таълимии №15-и маҳали зисташ ба хонандагон аз фанни забони русӣ дарс мегӯяд, имкони рӯзона сари вақт об пошиданро надорад. Ба ин хотир, вай ҳамсоязани хонашинашро ҳамчун корманди кироя даъват намуда, бо маош таъмин менамояд.
Зубайдулло Каримов — мутахассиси воситаҳои зиндагӣ дар Лоиҳа, зимни суҳбат иброз дошт, ки замбурӯғҳо дорои сифати баланди ғизонокӣ буда, аз сафедаҳои аълосифат ғанӣ мебошанд, ки ба саломатии инсон фоидаовар аст. Солҳои охир бинобар сабабҳои тағйирёбии иқлим ва кам будани боришот, ба роҳ мондани парвариши намудҳои гуногуни ин растании хӯрданибоб дар шароити хона, аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
“Ба хотири пурра таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти замбурӯғӣ, дар 10 ноҳияи вилояти Хатлон 33 нафарро ба омӯзиш фаро гирифта, баҳрагирандагонро бо намуди тухмии замбурӯғи “Вешенка” ва 100-халтагӣ компост таъмин кардем. Тақрибан 90% баҳрагирандагони мо аз ҳисоби занҳо мебошанд, ки аксарашон сардори оила ва модари танҳо мебошанд. Акнун онҳо метавонанд бо ин усули парвариш сатҳи зинадгиашонро боло бурда, нафарони бекорро бо ҷои корӣ ва маош таъмин созанд”,- иброз дошт Зубайдулло Каримов.
Ба андешаи мутахасисон, имрӯзҳо талабот бо маҳсулоти замбурӯғӣ дар давлатҳои ба мо наздик хеле зиёд аст. Хусусиятҳои иқлимии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки парвариши ин намуди растанӣ тамоми сол ба роҳ монда шавад ва замбуруӯғпарварони ватанӣ бо маҳсулоти худ дар бозори ҳамсоякишварҳо роҳ ёбанд.
Бибирокия АБДУЛЛОЕВА, шаҳри Бохтар
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ