Занҳои араб низ аз либоси сиёҳ даст мекашанд
Валиаҳди Арабистони Саудӣ оғози ҳафтаи гузашта дар суҳбат бо телевизиони СBS гуфтааст,ки қонунҳои марбут ба пӯшиши занон дар усули шариат мушаххас шудааст.
“Бар асоси қонунҳои шариат онҳо бояд либоси муносиб ва муҳтарамона бипӯшанд. Аммо ин қавонон ба таври мушаххас зикр накардааст, ки занон ҳатман бояд чодар ё рӯсарии сиёҳ ба бар кунанд. Чунин тасмим куллан ба худи занон марбут мешавад”, — таъкид доштааст ӯ.
Ин изҳороти Муҳаммад бин Салмон қабл аз дидори ӯ бо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, баён шуд. Валиаҳди Арабистони Саудӣ қаблан мамнӯияти ронандагии занон ва ба синамо рафтни онҳоро лағв кард. Имсол занони Саудӣ бори аввал дар маъракаи дав иштирок карда, як хонандаи зан барномаи ҳунарӣ иҷро намуд.
Чанд сол қабл раҳбарияти Тоҷикистон низ чодар ё рӯсарии сиёҳро моли бегона барои занони кишвар дониста, аз онҳо хостанд, ба либоси миллӣ рӯй биоваранд. Дар пайи як рейди мақомоти Кумитаи занон ва ниҳодои интизомии кишвар даҳҳо зан ҳиҷоби худро гирифтаанд.
Қисми муҳофизакори ҷомеа онро “чодаркашӣ аз сари занон” ном бурданд, аммо масъулони давлат гуфтанд, ин маърака танҳо ҳадафи ҳифзи фарҳанги миллии либоспӯширо дошт. Пӯшидани чодар ё ниқоб ё рӯсарии сиёҳ дар Тоҷикистон дар оғози солҳои 2000-ум “мӯд” шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ