Занфурӯш
Ҷавонмарди тоҷик ба хотири 1000 доллар ҳамсарашро ба марди афғон бахшиданӣ буд, вале…
Дарди дили камбағалдухтар
Салои “Оила”-и азиз! Чандест, ки аз ҷафои чархи гардун ва алами беномусии шавҳари номардам ҷигархунам, вале ҳамдарде надорам. Мехоҳам диламро ба хонандагони сершуморат холӣ карда маслиҳат бипурсам.
Ҷамила ном дорам. Дар оилаи камбағал ба дунё омадаам. Волидонам худотарсу худоҷӯ ва хоксору меҳнаткаш бошанд ҳам, Худованд ҳеҷ яки онҳоро ду намекард. Зиндагиамон бисёр қашшоқона буд. Аз кӯдакӣ чӣ будани нони серӣ ва тани пӯшидаро намедонистем, таги табақи ҳамсояҳоро хурдаю либоси куҳнаи онҳоро пӯшида ба воя расидем, вале гуруснаю нимгурусна калон шуда бошем ҳам, ҳаргиз қадам ба роҳи бад намегузоштем. Падару модарам ҳамеша таъкид мекарданд, ки барои инсон чизи аз ҳама муҳимтарин дар ҳаёт ин номусу шараф ва нангу номус аст, вале…
Домоди танбал
Азбаски духтарони меҳнатию хоксор будем, ба нодорию камбағалиамон нигоҳ накарда, бароямон хостгорон пайдо мешуданд. Ба қавли маъмул хушхарид будем. Бо мурури замон мо, ҳашт хоҳар бо номи нек ба шавҳар баромадем, бародаронам низ хонадор шуданд.
Ҳама фарзандони падарам зиндагии хуб доранд, дар ин байн танҳо шавҳари ман ношуди беномус баромад. Хусуру хушдоманам аз афташ танбалию меҳнатгурезии писарашонро медонистаанд, ки пас аз як соли тӯй бароямон хонаи якҳуҷрагие харида, рӯзгори моро ҷудо намуданд. Дар кашидани аробаи зиндагӣ душворӣ мекашидем, чунки на ман маълумот ё касбу ҳунаре доштаму на шавҳарам. Хоҳаршӯям зиндагии сангини моро дида аз шавҳараш хоҳиш кард, ки маро дар тарабхонааш ба ҳайси табақшӯ ба кор гирад.
Зани хубу порсо…
Ман ба кор оғоз кардам, вале шавҳарам ҳамоно рӯзи дароз дар хона бе кор нишаста бо ҷӯраҳояш бадмастию беҳудагардӣ мекард. Барои он ки бо одамони бад рафиқ шуда аз кӯчаи одамгарӣ набарояд, боз пеши хоҳаршӯям гардан каҷ карда, зорию тавалло намудам, ки як илоҷ карда барои додараш ҳам ягон кор ёбад. Язнааш посбонии тарабхонаро ба шавҳарам дод. Аз ҳисоби хӯрокҳои пасмондаи тарабхона хӯрда, пуламонро ҷамъ мекардем, то ки илоҷе карда барои шавҳарам ягон мошин харем ва вай кирокашӣ намуда, ақаллан як тарафи зиндагиро бурда тавонад, аммо…
Шофёри шеф
Ба таксист шудани шавҳарам ҳоҷат намонд, чунки язнааш ӯро ҳамчун ронандаи шахсии худаш ба кор гирифт. Дар баробари хизмати шефро кардан, вай ҳамчунин барои тарабхона маҳсулот харида меовард ва баъзе меҳмонҳои хушпулро то хонаашон расонда, аз ин ҳисоб низ пул кор мекард. Аз зиндагии оилавиамон се-чор сол гузашта бошад ҳам, ман ҳеҷ ҳомиладор намешудам. Чанд бор аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки якҷоя ба назди духтур рафта аз ташхис гузарем, вале ӯ бепарвоёна даст афшонда мегуфт: “Ғам нахӯр занак, Худо хоҳад, пул ҷамъ карда, ягон духонагӣ мехарем, ана баъд чандто, ки хоҳӣ, таваллуд мекунӣ…”
Вазъи иқтисодиамон хеле беҳтар гашта, зиндагиамон хуб буд, вале…
Меҳмони шилқин
Як шаб дар тарабхона тоҷирони афғон шабнишинӣ доштанд, токорҳоямро анҷом додам, ки соат ду шуд. Аксар вақт, агар дершавад, дар хонаи посбонии шавҳарам мехобидам, аммо он рӯзҳамсарам ду меҳмонро ба хонаашон бурданӣ шуду ман низ бо онҳо баромада ба шавҳарам гуфтам, ки якбора ба хонаи худамон меравем. Афғонҳо ду нафар буданд, якеаш дар бари шавҳарам нишасту дуввумӣ дар нишастгоҳи қафо дар бари ман нишаста ба хушгӯию гаппартоӣ сар кард. Ин марди шилқини афғон баъзан ҳатто дасти маро медошт, вале шавҳарам ҳамаи инро аз оина бубинад ҳам, ақаллан як бор нагуфт, ки ҳой мардак, ту чӣ кор карда истодаӣ, охир ин духтар зани никоҳии ман аст. Қаҳрам омад, вале ба хотири ҷангу ҷанҷол нахезондан хомӯш нишастам.
Девона гурез, ки маст омад
Мизоҷи шилқинро бо ҳамроҳаш дар ҷойи даркорӣ фароварда, бо шавҳарам ба хона омадем. Норозиёна гуфтам, ки чаро гаппартоии афғони бешармро дида, ақаллан нагуфтӣ, ки ин духтар занам аст. Шавҳарам бепарвоёна посух дод:
-Девона гурез, ки маст омада мегӯянд. Вай мардак чунон нӯшида буд, ки дар пояш рост намеистод, бо ӯ баҳсу мунозира кардан беҳуда буд. Ман ягон гап зада онҳоро хафа мекардам, аз мошин мефаромаданд, аз аз 50-доллар мемондам.
Аз ин хунсардии шавҳарам дар ҳайрат монда бошам ҳам, дигар баҳсу талош карданро бо ӯ бефоида шуморида, чизе нагуфтам, вале…
Занфурӯш
Рӯзи дигар шавҳарам маро ба наздаш даъват карда гуфт, ки ҳамон марди дишаба омадаасту мегӯяд, ки ба ман гап дорад. Ҳайрон шуда пурсидам, ки чӣ гап доштааст. Шавҳарам пушти сарашро хорида гуфт:
-Мегӯяд, ки сахт маъқулаш шудаӣ, агар ту як шаб ҳамроҳаш равӣ, ҳазор доллар медиҳад…
Ман ин суханони шавҳарамро шӯхӣ фаҳмида гуфтам:
-Айба намедонӣ, ки бо ман чунин шӯхӣ мекунӣ?!
Шавҳари беномусам рост ба чашмонам нигариста ҷиддӣ гуфт:
-Ман шӯхӣ накарда истодаам, занак. Ҳамин қадар ду каса ҷон меканем, дар як моҳ ба зӯр дусад доллар ҷамъ мекунем. Ин мардак барои як шаб ҳазор доллар медиҳад. Рафтан гир, охир аз ту чӣ меравад, фақат як бор чашмонатро мепушию халос. Намедонам куҷои ту ба вай маъқул шудааст, набошад шаҳр пур аз духтарҳои нозанин аст…
Аввал аз ин даюсии шавҳарам дар ҷоям лаҳзае шах шуда мондам, баъд ду даста аз мӯйи сараш дошта кашидаму бо тамоми қувватам ӯро мушткорӣ карда. Ин палид бо азобе худро аз дастам халос карда, маро ба як тараф тела дод ва ба сарам дод зад:
-Қанчиқи ҳаром, чӣ гурба барин мечаспӣ, туро маҷбур бурда ба таги пойи вай нахобондаам-ку, фақат гуфтам, ки пул бегона нашавад…
-Мур беномуси Худозада, агар ҳамон мардак фаҳмад, ки ту шавҳари никоҳии ман ҳастӣ, ба рӯят туф мекунад. Рав очата бурда ба ҳамон афғон додан гир, падарлаънат,-дод задам бо ғазаб ва дар тули зиндагиамон бори аввал шавҳарамро дашномҳои қабеҳ додам. Шавҳари беномусам ба ҷойи бахшиш пурсидан фақат як гапро такрор карда мегуфт:
-Занаки бе ақл, дар ҳамин замон кӣ ба ту ҳаззор доллар медиҳад?!
Шишаи бишкаста
Аз ин воқеа қариб як моҳ гузаштааст, вале ман ҳанӯз бо шавҳарам гап
намезанам. Ӯ дар посбонхонааш мехобад ва дар се-чор рӯз як маротиба танҳо барои иваз кардани либосҳояш ба хона меояду халос. Шавҳарам барои он хафа аст, ки ман ба оғӯши афғон даромада, барояш 1000 доллар наовардам. Рафтори ин марди даюс дар кадом чорчӯба меғунҷад? Дар куҷо дида ва ё шунидаед, ки марди мусалмон ба хотири пул шуда, занашро ба оғӯши як марди дигар андозад?!
Ғам даруни синаю…
Муносибати хешу табори ҳамсарам бо ман хуб аст, аммо ҳарчанд кӯшиш мекунам, ки ҳамаашро чун як хоби бад фаромӯш кунам, вале суханони аблаҳонаи шавҳарам ҳамеша дар гӯшҳоям садо дода, дили маро реш-реш месозанд. Пас аз ин беномусӣ намехоҳам рӯйи шавҳари пулпарастамро бубинам, аммо ҷойи мерафтагӣ надорам. Намехоҳам бева шуда ба дари хонаи додарҳоям равам. Нав роҳу равиши зиндагиро ёфта, соҳиби як даҳан нон шуда будам, вале акнун дар миёни дуроҳаи қисмат монда, чӣ кор карданамро намедонам.
Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Чашмонамро пӯшида бо ҳамин марди беномус зиндагиро идома диҳам ё ягон роҳи дигари наҷот ҳаст?
Ҷамила, хонандаи “Оила”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ