Зани ӯзбекистонӣ дар Ҷопон депутат шуд
Дар ин бора шаҳрванди Ӯзбекистон Орзугул Бобохоҷаеваи 37-сола дар саҳифаи худ дар “Твиттер” хабар додааст.
Вай бо 6771 овоз ба депутатии округи Сетагаяи Токио интихоб шуд. «Ин дафъа ман бори аввал дар интихоботи маҷлиси ноҳияи Сетагая бо 6771 овоз интихоб шудам. Ба ҳамаатон ташаккур. Имрӯз барои гирифтани шаҳодатномаи ғолибии худ ба идораи ноҳияи Сетагая рафтам. Ман аз ин миннатдорам»,- гуфт ӯ.
Ӯ дар ин маъракаи интихоботӣ таҳти шиори «Ман хомӯш истода наметавонам, зеро ман Ҷопонро дӯст медорам» ба интихобкунандагон муроҷиат кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ