Хонандагони Хуҷанд ва Оренбург аз Умари Хаём ёд карданд

Дар Гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мактаби таҳсилоти ҳамагонии «Мактаби Экодолия»-и вилояти Оренбурги Федератсияи Русия чорабинии муштараки  онлайнӣ таҳти унвони «Рӯзгори ибратбахши Умари Хайём» баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, мавзуи меҳварии нишасти маҷозӣ ба 975-солагии ҳаёт, эҷодиёт ва фаъолияти яке аз чеҳраҳои калидии мероси фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, файласуф, шоир, риёзидон, астроном Умари Хайём бахшида шуда буд.

Дар конфронси маҷозӣ директори Мактаби миёнаи умумии «Мактаби Экодолия»-и вилояти Оренбург Галина Николаенко, сардори шуъбаи иҷтимоии вилояти Оренбург Елена Кишкина, консул-мушовири консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Максим Кобзар, муовини консули Консулгарии генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Никита Уточкин, котиби матбуотии «Хонаи русҳо дар шаҳри Хуҷанд» Юлия Вареха, директори маркази технологияҳои иттилоотии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Дилором Солиева, омӯзгори лоиҳаи «Муаллими русӣ дар хориҷа» Фарида Ҳасанова ва хонандагону омўзгорони Гимназияи Гётеи шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат варзидаанд.

— Хонандагони Гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд дар бораи осор ва бозёфтҳои илмии шоир ва риёзидон Умари Хайём маълумот дода, саҳнаҳои ҷолиб аз зиндагиномаи шоир пешкаши ҳозирин намуданд. Ҳамзамон, рубоиёти Умари Хайёмро зери садои охангҳои миллӣ ироа намуда, бо либосу анъанаҳои миллии замони шоир гуфторҳои ибратбахшу таъсирбахши ҳаётӣ қироат карданд. Муҳассилини “Мактаби Экодолия”-и вилояти Оренбург низ рубоиёти маъруфи Умари Хайёмро замзама намуда, онро шарҳ доданд. Бо далелҳои ҷолиб таъкид доштанд, ки Умари Хайём файласуф ва шоири тавонои замони худ буд, ки ифтихори миллати куҳанбунёди тоҷик аст,- меафзояд манбаъ.

Ширкаткунандагони чорабинии маҷозӣ нақшу баргузории чунин нишастҳоро баҳри муаррифии нобиғаҳои миллати тоҷик, муаррифии донишу хиради онҳо, омўзиши зиндагиномаи онҳо ва рушди муносибати халқҳои тоҷику русро дар ин самт муҳим арзёбӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *