Шиносоии Аҳмадзода бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашии шаҳри Панҷакент

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент бо фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ шинос гардида, барои таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ ба масъулин супоришҳо додааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Дупула» ва пойгоҳи обкашии деҳаи Нови ҷамоати деҳоти Косатарош таъкид карда шудааст, ки таъмини фаровонҳосилӣ аз фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ вобаста буда, барои сари вақт расонидани оби полезӣ ба кишоварзон ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Иттилоъ дода шудааст, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба шаҳри Панҷакент 1000 метр қубури қутраш 425-миллиметрӣ дастрас карда мешавад. Дар зимн тазаккур дода шудааст, ки истифодабарандагони об низ бояд бо пардохти саривақтии ҳақи обрасонӣ дар рушди соҳа саҳм гузоранд.

Зимнан, бо дастури раиси вилоят барои таъмини саривақтии заминҳо бо оби полезӣ дар шаҳр ситоди корӣ ташкил карда шудааст.

— Дар ҷамоати деҳоти Саразм пойгоҳи обкашии «Нилуфар-1» дубора фаъол гардид, ки вазъи обрасонӣ беҳтар хоҳад шуд. Дар соҳили дарёи Зарафшон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва азхудкунии заминҳо идома дорад. Зимни боздиди раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки дар соҳили дарёи Зарафшон барои кишти шолӣ 400 гектар замин омода шуда, дар назар аст, ки давоми даҳ сол то 4 ҳазор гектар замин азхуд гардад. Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллӣ барои амалӣ шудани ҳадафи гузошташуда чораандешӣ намуда, талош доранд, ки аз ин ҳисоб кишти шолиро зиёд намоянд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *