Садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Чаноқ. 6 нафар ба ҳалокат расиданд

Субҳи имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ садамаи мудҳише рух додааст, ки дар натиҷаи он 6 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, ҳодиса дар километри 145-уми шоҳроҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи мошини “Starex” ҳангоми ҳаракат аз маркази вилояти Айнӣ ба самти шаҳри Панҷакент аз уҳдаи идораи мошин набаромада, аз баландии 200 метр сарозер шудааст.

“Наҷотдиҳандагони КҲФ ҷасади ронандаи ҳалокшуда ва панҷ мусофирро аз мошин берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Се кӯдак ва як зан бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони вилоятии Айнӣ интиқол ёфтанд,- меафзояд манбаъ.

Рӯзноманигори тоҷик Холиқназар Ҷумъаев дар саҳифаи фейсбукияш навишт, ки нафарони фавтида ронандаи мошин Аслонов Сипеҳр Абулфаттоҳович, мусофирон Каримов Абдуманноф Абдулмаҷидович, Каримов Карим Камолович, Раҳматов Болтубой Бегмуродович, Муҳаммадиев Идибой Тиллоевич ва Ҳақбердиева Майгуна Султомуродовна аз деҳаи Артучи шаҳри Панҷакент будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *