Зани дузд аз Тоҷикистонро дар сутун бастанд (Видео)
Дар як видео мардони тоҷик як зани низ аз Тоҷикистонро, ки ба дуздӣ гумонбар мешавад, луб-луч карда, ба сутун бастаанд ва бозпурсӣ мекунанд. Зан мегӯяд, ки 44 сол дорад ва аз Душанбе буда, барои ҷарроҳии падараш ва аз асорат халос кардани духтараш ба пул зарурат дошт.
Дар куҷо ва кай сабт шудани видео маълум нест, вале аз рафти «бозпурсӣ»-и зан бармеояд, ки ин видео ба эҳтимоли ғолиб дар Русия сабт шуда, зан ба дуздӣ аз хонаи як муҳоҷири тоҷик гумонбар мешавад. Дар видео ӯ эътироф мекунад, ки ба таври пинҳонӣ аз хонаи ин мард пул ва тиловорӣ дуздидааст, вале ҳангоми берун рафтан аз хона ӯро дастгир кардаанд.
Дар видео, ки қариб ду дақиқа аст, лаҳзаҳои «бозпурсӣ»-и ин зан аз ҷониби соҳиби хона сабт шудааст. Чеҳраи мард ва шариконаш дида намешаванд, вале зан тани урён ба як сутун баста шудааст ва дар ҳамин ҳолат бо чеҳраи тарсхӯрда ба суолҳо ҷавоб медиҳад.
— Аз куҷоӣ? Аз як лаб бигӯ! Як хато кардӣ, мурдӣ!
-Аз Душанбеам. Соли таваллудам 1973. Хонаи Шароф омадам, сӯм дуздидам.
— Гап зан, гап зан. Чӣ гирифтӣ боз?
— Ҳамон сӯм дуздидам, дар байни трусикам мондам, рафтанӣ будам.
— Дар байни … мондам, бигӯ.
— Дар байни … мондам.
— Тилоҳоро барои чӣ гирифтӣ?
— Тилоҳоро нагирифтам, дар боло буданд.
— Чува дар болояшон мондӣ?
— Ҳамаашро дар гӯшҳоям карда будам.
— Чӣ хел дар гӯшҳоят кардӣ, ки ман надидамашон?
— Тоҷикӣ?
-Ҳа.
-Чаро бо миллати тоҷик ин хел кардӣ?
— Маҷбур шудам.
-Барои чӣ маҷбур шудӣ?
— Отаам касал аст, чор бор шуд ҷарроҳиаш мекунанд, сӯм даркор аст.
— Чӣ хел? О гуфтӣ ки духтарамро дар онҷо заложник гирифтаанд.
— Духтарам заложник аст дар дасти апаи шӯям.
— Чанд сол шуд заложник аст?
— Қариб се моҳ шуд.
— Ман духтари туро …. накардам, хонаи маро чува дуздидӣ? … Гап зан! Заложник гирифтанд, чӣ гирифтанд, хонаи ман при чём? При чём хонаи ман? Ман чӣ корат карда будам? Гап зан мегӯямат!
— Ҳичӣ. Ҳеҷ кор накардӣ худат. Ту хубӣ кардиву ман ина ҳамин тавр карданӣ будам, ки натонистам…
Сарнавишти баъдии ин зан ва давоми қазия маълум нест, вале тибқи қонунгузории ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия, худсарона ҷазо додан манъ буда, ҳамчун ҷиноят ҷазо дода мешавад.
Суханҳои дашномолуд аз видео пок карда шуда ва ҳамин тавр, симо ва аъзои маҳрами бадани зан дар ин видео пӯшонда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ