Садама боиси марги домод дар шаби никоҳ гашт

Ҳаким Сабуров, сокини 20-солаи ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) ва дӯсту ҳамсолаш Ҳоким Тағоев шаби 8 декабр дар роҳ ба Душанбе дар як садамаи нақлиётӣ ҷавонмарг шуданд. Онҳо он шаб ба маросими ақди никоҳи Ҳаким мерафтанд, бехабар аз ин ки ба истиқболи марги худ мераванд ва ҷомаи домодии Ҳаким ба ҷомаи кафании ин домоди ҷавонмарг табдил меёбад…

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки соати тақрибан даҳи шаби 8 декабр бар асари як садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун ду ҷавони 20-сола ҷон бохта, 4 нафари дигар, бо шумули як кӯдаки чорсола ҷароҳат бардоштанд. Бино ба ин манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», Давлатов Маҳмадзоир Зокирович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи поён, дар деҳаи А.Сурхи ноҳияи Ҷайҳун, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла», таҳти идораи ронанда, Тағоев Ҳоким Раҳимович, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Тоҷикистони ҳамин ноҳия, ки аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун ҳаракат мекард, бархӯрдааст.»

Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Карола” Тағоев Ҳоким ва мусофири дар дохили автомашина буда, Сабуров Ҳаким Идрисович, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Тоҷикистон, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда Пирова Кенҷагул, соли таваллудаш 1971 ва хурдсол Зубайдуллоева Шукрона Шарофиддиновна, соли таваллудаш 2013, сокинони деҳаи Истиқлол ва шаҳрвандон: Додарбеков Бурҳониддин, соли таваллудаш 1997 ва Сангов Рамазон Муродалиевич, соли таваллудаш 1997, сокинони деҳаи Тоҷикистон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Бино ба гузориши радиои «Озодӣ”, Ҳаким Сабуров, ки дар ин садама ҷон дод, он шаби 8 декабр ба маросими никоҳаш ба Душанбе мерафт. Ронандаи мошин Ҳоким Тағоев, ки низ ба ҳалокат расид мебоист дар ин маросим ҳамчун шоҳид аз тарафи домод ширкат мекард. Кенҷагул Пирова – холаи домод буда, дар он садама ҳамроҳи духтари чорсолааш Шукрона ҷароҳат бардошт.

Се маҷрӯҳи дигар низ дар ин мошин ба ин маъракаи хурсандӣ мерафтанд, вале тасодум бо мошини боркаши «Дулан” ин рӯзи хурсандиро барои ин хонавода ба мотамва ҷомаи домодии Ҳакимро ба ҷомаи кафании ин домоди ҷавонмарг табдил дод.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои нақлиётӣ ҷодаҳои пурхатар дониста мешаванд. Аз аввали соли ҷорӣ дар ҷодаҳои Тоҷикистон беш аз 1200 садама рух дода, боиси марги беш аз 400 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 1200 тан шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *