Зани мардшуда
-Алло, ассалому алайкум нозанин. Ҳеҷ медонӣ, ки ман дер боз ошиқи шайдои туям. Абрувони зебо, қади расо, ҳамон холаки бари рӯят маро мафтун кардааст,- бо овози фораму ширин ҳарф мезад «мард».
-Шумо кӣ, ман бори аввал садоятонро мешунавам Шумо рақами телефони маро аз куҷо гирифтаед? — пурсид духтар.
-Номи ман Муҳаммад. Ҷӯянда ёбанда аст. Ман аввал шуморо дида мафтун шудаму баъд шумораи телефонатонро кофта ёфтам. Номатонро ҳам медонам. Номи ширини шумо Ситора аст, Ситораи осмони беканор, кош дастам мерасиду шуморо ба канор гирифта, сар то пояшонро бӯсаборон мекардам,-гуфт «Муҳаммад».
-Охир ман шуморо надидаам, оиладор нестед? — пурсид Ситора, ки аллакай дилаш ба ин овоз моил шуда буд.
-Ин оғози кор аст. Мегӯянд, ки ишқро оғоз ҳасту анҷом нест. Гар зиндагист дида ба дилдор мерасад, — маккорона гуфт мард.
Баъди ин «ошиқ»-и шайдо ҳар бегоҳ ба Ситора дар тамос мешуд. Мабодо аз соати муайян шуда «мард» дертар занг мезад, дили Ситораи мафтунгашта беқарор гардида, дар хонаи хилват ин тарафу он тараф қадам мезад. Барои паст шудани ҳарорати дилаш ҳатто як коса оби сард ҳам мехӯрд. Ҳамин тавр, Иқболмоҳ Лутфуллозодаи 25- сола аз ноҳияи Панҷ даҳҳо духтаронро бо овози сохта худ ба «дом»-и худ кашида, аксҳояшонро гирифтаю пас пайи ҳам барои шарманда накарданаш аз онҳо маблағ меситондааст. Аз мақомоти милитсияи ноҳияи Панҷ гуфтаанд, ки Иқболмоҳ дар асоси ду моддаи кодекси ҷиноӣ — қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ айбдор шуда, дар сурати пурра исбот шудани гуноҳҳояш ӯро 13 сол маҳбас интизор аст.
Яке аз ҳамсояҳояш аз ноҳияи Панҷ Холмаҳмад Шарифов иброз доштааст, ки рафтори Иқболмоҳ ба волидайнаш чунон таъсири бад кардааст, ки онҳо ҳатто аз суҳбат бо наздикашон қанораҷӯӣ мекунанд. Фарзанди онҳо, ки обрӯяшонро паст кард, чунон духтаронро бо суханҳои осмонӣ «гипноз мекард, ки онҳо девона намешуданду халос”. Яке аз шефтагаштагонаш Суҳайло дар суҳбат гуфт, ки ман то ҳанӯз бовар надорам, ки ӯ писар нею духтар аст ва дар ин бора боре ҳам шубҳа накардаам Се моҳ занг зада хоҳиш мекард, ки зан надораму бароям сурататро бифирист.
Чӣ тавр Иқболмоҳ овозашро дигар кард? Аз мақомот гуфтанд, ки Иқболмоҳ Лутфуллозода бо истифода аз барномаи махсуси «0990»-и ширкатҳои мобилии кишвар садояшро тағйир дода, бо духтарон дар тамос шудааст. Тавассути ин хадамот муштари имкон дорад, ки садояшонро шабеҳи овози кӯдак, зан, мард ё робот кунад.
-Иқболмоҳ Лутфуллозода бо духтарон худро Муҳаммад муаррифӣ карда мегуфтааст, ки зан надорад. Дили онҳоро ба даст оварда, пас маблағ талаб мекардааст,- гуфт сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ Ф. Одиназода. Иқболмоҳ баъди дастрас кардани аксҳо ба духтарон таҳдид карда мегуфтааст, ки агар барояш маблағ надиҳанд сураташонро ба воситаи барномаҳои компютерӣ урён кардаву дар шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳад гузошт. Бо ҳамин тариқи таҳдид танҳо аз як духтар 3 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
Иқболмоҳи гирифтори найрангҳои ошиқӣ аз деҳаи Селдараи ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ, ба қавли наздиконаш, баъди хатми мактаби миёна хонашин будааст. Ҳатто бародараш Хуршед ҳини суҳбат гуфт, ки хоҳараш пайваста ба кори хона машғул буду боре ҳам надидааст, ки ӯ бо телефон суҳбат карда бошад. Пас, ӯ ин “истеъдоди” ширкатдодро кай истифода мекардааст?
Иззатбеки Идизод,
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ