Шаҳрвандони Ӯзбекистон садоқаташонро бо куштор собит кардани шуданд

Дар шаҳри Химкии Русия 4 нафар шаҳрванди Ӯзбекистон,ки шомили як гуруҳи террористӣ будаанд, зану шавҳари сокини ин шаҳрро кушта,молу амволашоро ба миқдори ним миллион рубл ба  хазинаи ташкилоташон супоридаанд. Тавре,ки Валерия Павлова, ёрдамчии калони  Раёсати тафтишотии  Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Твер гуфтааст, ин гуруҳ ҳангоме,ки ҳамсарон мехостаанд  дар бустонсари  дар ноҳияи Кимр будаи худ истироҳат кунанд, онҳоро кушта дар ҷангал гуронидаанд. Аз гум шудани  ин ду нафар рӯзи 14 октябри соли сипаришуда  огоҳ мешаванд ва 16 октябр мошини онҳоро, ки  қотилон соҳиб шуда  буданд, дар яке аз постгоҳҳои пулиси роҳ бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ боздоштанд. Маълум гардид,ки гуруҳи ғоратгарон бо ҳамин роҳ узви ташкилот шуданӣ будаанд  ва садоқати худро ба ташкилоти нишон доданӣ шуда , молу амволи мақтулонро  ба роҳбари ин ташкилот супоридаанд. Дар бораи кадом ташкилоти террористӣ сухан меравад, Павлова иттилоъе надодааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.