Зани рус шавҳари тоҷикашро барои пул кушт

Як зани сокини сокини шаҳри Нижний Новгороди Русия ба писари 15-солааш фармудааст, ки агар шавҳари тоҷики ӯро бикушад, барояш мошин мехарад ё 25 ҳазор рубл медиҳад. Ин марди тоҷики 54-сола як рӯз пеш аз қатлаш аз бонк 425 ҳазор рубл қарз гирифта, ба дасти занаш дода буд.

Дафтари матбуоти пулиси вилояти Нижний Новгороди Русия хабар дод, ки як зани 40-соларо бо иттиҳоми ташкили сӯиқасд ба ҷони шавҳари тоҷикаш ва ду ноболиғи 15-сола, аз ҷумла писари ин занро бо иттиҳоми иҷрои ин куштори фармоишӣ дастгир кардааст. Пулис мегӯяд, ҳарсе ба гуноҳи худ эътироф карданд. Ду ноболиғ рӯзи 14 сентябр боздошт шуда, билофосила баёнот додаанд, ки марди тоҷикро бо фармоиши модари якеи онҳо куштаанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1963 рӯзи 7 август дар як ҷангалзор дар паҳлуи кӯли «Сортировочное” дар ҳудуди ноҳияи Канавинои шаҳри Нижний Новгород кушта шуд.

Нашрияи маҳаллии «Криминальная хроника” бо такя ба манобеи наздик ба тафтиши ин парванда навишт, дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки як рӯз пеш аз кушта шуданаш ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳудуди 20 сол боз дар Нижний Новгород кору зиндагӣ мекард, аз бонк 425 ҳазор рубл қарз гирифта, пулро ба дасти ҳамсари русаш додааст, ки ягон ҷо руст кунад.

Ин зани соли таваллудаш 1977 баъди гирифтани 425 ҳазор рубл дар фикри куштани шавҳар афтода, ба писари 15-солааш ваъда додааст, ки агар шавҳарашро аз байн барад, барояш ё мошин мехарад, ё 25 ҳазор рубл (ҳудуди 450 доллар) пули нақд медиҳад.

Писар ин пешниҳодро пазируфта, барои кумак як ҳамсолашро бо худ гирифтааст. Онҳо рӯзи 7 август марди тоҷикро бо фиреб ба ҷангалзор бурда, бо битаҳо бераҳмона латукӯб мекунанд. Марди тоҷик дар натиҷаи ин латукӯб дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳоло дар робита ба ин қазия бар асоси қисми чоруми моддаи 111-уми Кодекси ҷиноятии Русия (барқасдона расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги инсон шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Вале мақомоти тафтишотӣ гуфтаанд, маводи ҷамъшуда кофист, то айбномаи зидди ин се боздоштшуда ба зудӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия ҳамчун куштори фармоишӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон баҳогузорӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *