“Zanjabil bro” аз фиреби нав гуфт
“Вайн” ё саҳнаи ҳаҷвии нави гуруҳи “Zanjabil bro”, ки аз ҷумлаи фаъолтарин блогерони “Инстаграм” ба шумор меравад, дар ютубканалаш нашр гардид.
Сужаи саҳна аз фиреби нави муфтхӯрон, онҳое, ки бо ҳар баҳона аз мардум пул меситонанд, мегӯяд. Яъне, яке дар назди бинои истиқоматӣ аз роҳгузаре талаб мекунад, ки барои намак пошидан ба роҳҳои барфпӯш 100 сомонӣ диҳад. Ӯ 10 сомонӣ медиҳад ва маълум мешавад, ки аз соддагиаш додааст, зеро дар он ҷое, ки намак рехтаанд, нест. Пасон, фиребгар ҳам баробари гурехтанаш садо мебарорад, ки он ҳам аз он ҷо нест.
Ин гуна саҳнаҳои блогерон ба мо мефаҳмонанд, ки сари ҳар қадам метавонад фиребгаре, муфтхӯре, ноодоме пайдо шавад ва аз соддагиву зудбоварӣ истифода карда, нафъе бардорад. Ва дар ин шароиту замон бояд ҳарчи бештар эҳтиёткор буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ