Занони рус ҷои муҳоҷиронро мегиранд?
Коршиносон мегуянд, ки норасоии муҳоҷиронро дар сохтмонҳои Русия аз 1 январи соли 2021 занон метавонанд қисман лағв кунанд. Аз 1 январи соли 2021 муқаррароти Вазорати меҳнати Русия эътибор пайдо мекунад, ки он рӯйхати ихтисосҳои барои занон манъшударо чор маротиба коҳиш медиҳад. Бо фаро расидани соли нав беш аз 30 ихтисоси нав барои занони рус дастрас мешавад, менависад РИА Новости. «Рӯйхати мавҷуда як қатор корҳои таъмиру сохтмонро дар бар мегирад, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст. ”, — гуфт Василий Сосновский, шарики ширкати Genesis. “Гарчанде ки соҳаи сохтмон дар байни занон маъруфият пайдо карда истодааст, аммо дар бораи пурра иваз кардани муҳоҷирон аз ҷониби занҳои рус сухан рондан ҳанӯз барвақт аст!”, мегӯяд Антон Глушков, раиси Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ). Глушков таъкид кард, ки тамоюлҳои мусбати коҳиши номутаносибии ҷинсӣ дар соҳаи сохтмон ҳоло ҳам ҷой доранд. Масалан, ба гуфтаи ӯ, занон метавонистанд камбуди муҳоҷиронро дар анҷоми корҳои пардоздиҳӣ ҷуброн кунанд. Муассиси ширкати рушдёбандаи GRM-Group Наталя Гарт мегӯяд, ки дар ояндаи наздик кушодани марзҳо ғайриимкон аст ва занон дар баъзе намудҳои кор аз сатҳи касбии мардон ба таври назаррас бартарӣ доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ