Дар Эрон журналист Рӯҳуллоҳ Замро ба дор кашиданд

Созмони Афви Байнулмилал ва Иттиҳоди Аврупо қатли як хабарнигори мухолифро дар Эрон маҳкум карданд. Рӯҳуллоҳ Зам ба он муттаҳам шуда буд, ки бо корҳои онлайни худ дар ташвиқи тазоҳуроти соли 2017 ба хотири мушкилоти иқтисодӣ дар Эрон кумак мекард. Ба гузориши хабаргузории нимарасмии Эрон, асноди дафтари додситони инқилоби исломӣ тасдиқ кард, ки Зам рӯзи 12-уми декабр ба дор овехта шуд. Созмони Афви Байнулмилал гуфтааст, ин эъдом рафтори бераҳмонаи ҳукумати Эронро нисбат ба мухолифон нишон медиҳад. Иттиҳоди Аврупо ҳам эъдоми хабарнигорро бо лаҳни шадид маҳкум карда, гуфтааст, ҷазои марг як ҷазои ваҳшиёна ва ғайрибашарӣ аст. Пеш аз ин созмони Хабарнигорони Бидуни Марз дар мавриди ин эъдом изҳори таассуф карда, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эронро тарроҳи аслии ин эъдом хонд. Рӯҳуллоҳ Зам, ки дар Фаронса ба сар мебурд, дар соли 2019 дар Ироқ рабуда ва ба Эрон таслим карда шуд (озоди)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *