Занозанӣ бо тирпарронӣ анҷом ёфт

Дар минтақаи Бирюлевои ғарбӣ дар ҷануби Маскав шоми шанбе, 29 январ як занозании оммавӣ байни муҳоҷирон бо тирпарронӣ рӯй додааст. Манбаи  хабаргузории русии ТАСС дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки гумон меравад, дар ин занозанӣ зодагони Тоҷикистон иштирок доштаанд.

Дар худи занозанӣ ҳудуди 15 нафар ширкат карданд, вале пулис баъди ин муноқиша 66 нафарро дастгир кардааст.

“Шоми шанбе дар гузаргоҳи Востряковский проезд занозании оммавӣ бо истифода аз силоҳи травматикӣ  бо иштироки зоҳиран шаҳрвандони Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дар муноқиша ҳудуди 15 нафар иҳтирок доштаанд. 66 нафарро бо гумони иштирок дар ин занозанӣ ба пулис овардаанд “, – хабар додааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Мақомоти пулис чанд нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда, се нафарро дар робита ба парвандаи авбошӣ боздошт кардаанд. Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз силоҳ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Хадамоти матбуоти пулиси Маскав гуфт, муноқиша дар заминаи маишӣ сурат гирифтааст ва кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расида, аз занозание, ки тоза авҷ мегирифт, пешгирӣ кардаанд.

Дар пайи он занозаниҳо вазорати корҳои дохилии Русия муҳоҷиронро ҳушдор дод, ки минбаъд онҳоро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бидуни ягон тараҳҳум депортатсия карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум хоҳанд кард.

Моҳи декабр пулиси Русия ҳисобот дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷири хориҷиро маҳз барои иштирокашон дар занозаниҳо аз ин кишвар ихроҷ кардаанд. Аксари ин муҳоҷирони ихроҷшударо ба муддати 40 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *