Занозанӣ дар КВН-и Панҷакент
Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон” (квн) дар шаҳри Панҷакент рӯзи 19 декабр бо занозании шадид байни мухлисон дар даруни толор анҷом ёфт.
Дар пайи ин занозанӣ мақомоти Панҷакент тасмим гирифтанд, ки дигар ин маҳфилҳоро идома надиҳанд. Як занозании гурӯҳӣ миёни ҷавонон боис шуд, ки мақомот дар шаҳри Панҷакент идомаи маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон” қатъ кунанд. Ин маҳфил бо қарори раиси вилояти Суғд миёни донишҷӯён ва мактаббачагон «ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои номатлуб ва дарёфти истеъдодҳо” баргузор мешавад.
Дар як навори видеоии нимдақиқагӣ дида мешавад, гурӯҳе аз ҷавонон дар дохили як толор ҳамдигарро лату куб мекунанд. Некрӯз Кенҷаев, мудири Бахши ҷавонон ва варзиши ҳукумати шаҳри Панҷакент рӯзи 20-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин занозанӣ соати 14-и рӯзи 19-уми декабр миёни мухлисон рух дод ва касе ҷароҳат набардоштааст.
«Дар ин занозанӣ мактаббачагон иштирок надоштанд ва онҳое ширкат карданд, ки ҳамчунмухлис барои тамошо омада буданд. Ба мо маълум шуд, ки ин занозаниро ҷавононе ташкилкардаанд, ки аз Русия аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд. Он зуд тамом шуд ва касе осебнадид”, — гуфт ӯ.
Маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон”, ки ҳоло дар Панҷакент баргузории онро қатъ карданд, дартамоми вилояти Суғд идома дорад ва то охири ин моҳ бояд ҷамъбаст шавад. МақсадуллоШарипов, мудири Шӯъбаи маорифи шаҳри Панҷакент гуфт, қарор карданд, ки дигар ин маҳфилро дар миёни хонандагон идома надиҳанд.
Ӯ гуфт:«Ин ҷо хонандагон аз деҳаҳои дурдаст меоянд. Амнияти онҳоро мо кафолат доданаметавонем. Бинобар ин қарор додем, ки баргузории ин маҳфилро дар миёни хонандагонбубандем”.
Моҳи ноябри соли гузашта Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд дар бораи таъсис додани маҳфили «Хушдилон ва ҳозирҷавобон” қарор содир карда буд. Ҳадафи маҳфилро «ташвиқи тарзиҳаёти солим, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб, дастгирӣ ва ҳавасмандкунии ҷавонони эҷодкор”унвон мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ