«Ашан” барои харидоронаш се автобуси бепул ташкил кард

Фурӯшгоҳи «Ашан”-и шаҳри Душанбе барои муштариёнаш се хатти автобуси бепул кушодааст, ки ҳар рӯз аз соати 8:30 то 22 дар масирҳои Қараболо – Ашан, Гипрозем – Саховат – Ашан, майдончаи Сарҳадчиён (Водонасос) – Ашан – 9-ум километр – Ашан ба харидорон ройгон хидмат мерасонанд.

Фурӯшгоҳи «Ашан” – бузургтарин ҳипермаркет дар пойтахти Тоҷикистон хабар дод, ки аз 18 декабр барои осон шудани равуои муштариёнаш се хатти автобуси бепул кушодааст.

Ин се автобус ҳар рӯз аз соати 8:30 то 22 харидоронро аз гӯшаҳои гуногуни шаҳр то фурӯшгоҳи «Ашан” оварда мерасонанд:

Хатти «А”: Қароболо – АШАН

Хатти «Б”: майдончаи Сархадчиен (Водонасос) — АШАН — 9км — АШАН.

Хатти «С”: Гипрозем — Саховат — АШАН.

Маъмурияти фурӯшгоҳи «Ашан» мегӯяд, ки ин автобусҳо ҳар 30-40 дақиқа дар ин масирҳо муштариёнро мекашонанд.

Ҳипермаркети «Ашан” дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати фаронсавии «Ашан” сохта шуда, бинои чорқабатааш бо номи «Душанбе Молл” дар назди дафтари марказии «Тоҷиксодиротбонк” ва шабакаи телевизионии «Тоҷикистон” ҷойгир шудааст.

Сохтмони ин фурӯшгоҳи бузург соли 2014 оғоз ёфта, 21 июни соли 2016 ба истифода дода шуд.Масоҳати «Душанбе Молл” дар маҷмӯъ беш аз 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, барои бунёди он 110 миллион сомонӣ, ё 14 миллион доллар масраф шудааст, ки бар пояи 5 миллион еврои он маблағгузории Бонки аврупоии бозсохт ва рушд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *