Бо далели заҳролудшавӣ аз ҳасиб парвандаи ҷиноӣ боз карданд

Аз рӯи далели заҳролудшавӣ аз ҳасиб дар ноҳияи Восеъ, ки бар асари он Умаралӣ Давлатови 2-сола ҳалок шуд, дар мақомоти прокуратураи ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 декабр шаш тан аз аъзои як оила — модару кӯдакон, сокинони деҳаи Кадучии ҷамоати М.Вайсов аз истеъмоли ҳасиби истеҳсоли маҳаллӣ заҳролуд шуданд. Кӯдак дар беморхона ҳалок шуд.

«Онҳо гуфтанд, ки ҳасибро дар яке аз мағозаҳои деҳа гирифта, дар роҳ сӯи хона онро истеъмол кардаанд ва аз ҳама бештар Умаралии хурдсол онро хӯрдааст», — иброз намуд дар ин робита табиби шуъбаи эҳёгарии беморхонаи марказии ноҳия Йигиталӣ Аскаров.

Ба гуфтаи табиб, санҷиш дар маркази санитариву эпидемиологӣ нишон додааст, ки ҳасиб дар ҶДММ «Орзу» шаҳри Кӯлоб истеҳсол шуда, мутахассисон ошкор кардаанд, ки дар таркиби маҳсулот меъёри нитрат хел зиёд аст. Нитрат барои коркарди кимиёвии ҳасиб истифода мешавад.

Панҷ рӯз пеш ҳодисаи ба ин монанд бо як оилае дар Кӯлоб низ рух дода, тибқи маълумоти пешакӣ, чор тан аз аъзои як оила аз истеъмоли ҳасиб заҳролуд шудаанд. Ҳеҷ касе аз онҳо ҷиддӣ осеб надидааст, хабар дод ба  як манбаъ аз прокуратураи шаҳри Кӯлоб. Аз рӯи ин далел низ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, санҷиш ҷараён дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *