«Кӯктош» барандаи ҷом ва тиллои лигаи якум шуд

 Имрӯз – 20 декабри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба номи Кароматулло Қурбонов маросими  арҷгузории дастаи  «Кӯктош»-и ноҳия,  ки  дар мавсими соли 2017 ғолиби лигаи якум гардида, ба Лигаи олии кишвар роҳхат гирифт, баргузор шуд.

Дар маросими тантанавии мазкур намояндагони масъули ФФТ, Лигаи футболи Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯдакӣ  Мухаммадраҳим Юсуфӣ футболбозони дастаро бо пирӯзии бузургашон дар мусобиқоти лигаи якум табрику таҳният гуфтанд.

Пас аз анҷоми қисмати расмӣ  ба ҳайати дастаи «Кӯктош» ҷоми сайёр ва медалҳои тиллои  ФФТ супурда шуд. Инчунин чанд мухлиси доимии даста бо мукофотҳои хотиравӣ хавасманд карда  шуданд.

«Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар лигаи якуми Тоҷикистон аз соли 2011 иштирок  дорад. Дастаи номбурда дар  мавсими соли 2017 аз 22 вохӯрӣ 16-тоашро бо пирӯзӣ анҷом дода, 2 бозиро мусовӣ кард ва 4 дидорро бохт. 50 холи бадастоварда дастаро ба садри мусобиқа бароварда, ғолиб гардонд.

Умуман, «Кӯктош» дар шаш мавсими лигаи якум чор маротиб ҷойи аввалро касб намудааст, аммо бо ҷурми надоштани маблағи зарурӣ  ба Лигаи олӣ гузашта натавонист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *