Занозанӣ дар масҷид таҳқиқ мешавад
Раёсати умури дохилии вилояти Чуйи Қирғизистон тафтиши навори занозаниро дар яке аз масҷидҳои ин вилоят оғоз кардааст. Идораи руҳониёни мусулмонони Қирғизистон ҳодисаро ҷанҷоли бемаънии ду мард меномад.
Ин навор 13 май ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, баҳсҳои зиёдеро миёни корбарон ба вуҷуд овард. Дар он дида мешавад, марде бо либоси мазҳабӣ дар саҳни масҷид ба талоши дигарон, ки мехоҳанд ӯро боздоранд, нигоҳ накарда, шахсеро латукӯб мекунад. Атрофиёнаш ӯро «Қаҳрамон!» (Баатир!) садо мекунанд.
Масъули хадамоти матбуотии Идораи руҳониёни мусулмонони Қирғизистон Мақсад Отабоев гуфт, ин занозанӣ як моҳ пеш дар яке аз масҷидҳои Чуй рух дод. Вай овозаҳо дар бораи онро, ки гӯиё ду таблиғгар бо ҳам занозанӣ кардаанд, рад кард.
Ба гуфтаи ӯ, ихтилофи назар дар бораи ҳаёти намозгузорон ба занозанӣ сабаб шудааст. «Ду нафар эҳсосӣ шуда, ҷанҷол карданд ва атрофиён низ онҳоро аз ҳам ҷудо намуданд. Ҳоло ҳама хуб аст, онҳо бо ҳам оштӣ кардаанд», — изҳор дошт Отабоев.
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон Боқид Сейитов гуфт, тафтиши ҳодиса оғоз шуда, пулис миёни сокинон ва масъулини масҷидҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. «Баъди анҷоми тафтишот чора андешида хоҳад шуд», — афзуд ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ