Мавҷудияти кӯраи ҷасадсӯзӣ дар Сурия

Ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико давлати Сурияро ба он муттаҳам кард, ки ҳазорон зиндониро кушта ва дар як кӯраи бузурге дар берун аз Димишқ ҷасадҳояшонро месӯзонад.

Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, ки мақомоти Сурия рӯзона то 50 маҳбусро дар зиндони низомии Саидниё дар фосилаи 45 дақиқаӣ аз Димишқ ба дор меовезанд. Вазорат аксҳоеро нашр кард, ки ба гуфтаи он нишон медиҳанд, зиндони дорои кӯрае барои сӯзонидани ҷасадҳост.

Стюарт Ҷонс, як дипломати баландпояи вазорат барои Ховари Миёна гуфт: “Мо бовар дорем, ки ин бинои кӯраи ҷасадсӯзӣ аст, то миқёси куштори дастаҷамъӣ дар зиндони Саидниёро паноҳ кунад.”

Стюарт Ҷонс, ки аксҳоро нишон дод, рӯзи 15-уми май дар Вашингтон гуфт, ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия бо ҳимояти Русиву Эрон ба “ба сатҳи поинтарин шарорат расидааст” ва аз ин ду кишвар хост, ки ба Сурия фишор биёранд, то созиши оташбаси мӯътамаде барқарор кунад ва музокироти сиёсиро оғоз намояд.

Аксҳои моҳвораӣ, ки нашр шуданд, гӯё нишон медиҳанд, ки як биноеро дар дохили зиндоне барои кӯраи ҷасадсӯзонӣ мутобиқ кардаанд. Аксҳое, ки аз соли 2013 то кунун бардошта шудаанд, далели собити он нест, ки бино кӯраи ҷасадсӯзонӣ аст, вале сохтмонаш барои нигаҳ доштани кӯраи ҷасадсӯзонӣ мутобиқ аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *