Занозании шаҳрвандони Қазоқистон бо роҳсозони чинӣ
Дар ноҳияи Оқсӯи вилояти Алматои Қазоқистон 7 октябр роҳсозони маҳаллӣ ва чинӣ бо ҳам ҷанҷол карданд. Пулиси вилояти Алмато мегӯяд, дар занозанӣ сокинони маҳаллӣ низ иштирок доштанд.
Ба огаҳии пулис, ҷанҷол нахуст миёни чаҳор шаҳрванди Чин — кормандони ширкати ТОО Citic Construction cар задааст. Дар натиҷа яке аз онҳо, ки қазоқтабор аст ва ҳаққи иқомат дар Қазоқистонро дорад, осеби сабуки ҷисмонӣ дидааст.
Як гуруҳи сокинони маҳаллӣ бо кормандони «Citic Construction», ки шаҳрванди Қазоқистонанд, ҳамроҳ шуда, рӯзи дувум кормандони чиниро латтукӯб кардаанд. Дар натиҷа чаҳор шаҳрванди Чин бо осебҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштанд.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур тафтишот оғоз шуда, пулис мегӯяд, шахсияти гумонбаронро муайян ва онҳоро боздошт кардааст. Ҳамчунин муайян шудааст, ки 33 корманди хориҷии Citic Construction қоидаҳои будубошро дар Қазоқистон риоя намекардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ