Моҳрухсор: “Аллаи модар ҳам фалак аст”

10 октябр Рӯзи фалак аст. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо яке аз беҳтарин иҷрокунандагони сурудҳои халқӣ, аз ҷумла фалак, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева.

-Апаи Моҳрухсор, ҷавонии шумо ба замоне рост омад, ки жанри эстрада дар Тоҷикистон бештар маъмул мешуд ва аксарияти сарояндагон ба он мегаравиданд. Ааммо чӣ сабаб шуд, ки шумо ба иҷрои сурудҳои халқӣ рӯй овардед?

-Гумон мекунам, ки ба сурудҳои халқӣ рӯй оварданам ба муҳити кӯдакии ман алоқамандӣ дорад. Дар деҳае, ки ман таваллуд шуда ба воя расидам, мардум дигаргуна зиндагӣ мекарданд ва ба шеъру суруд зиёд таваҷҷуҳ доштанд. Шояд барои инсонҳои ин замон аҷиб намояд, аммо дар масҷиди деҳи мо шабҳои зимистон як нафар гурғулисаро тамоми достонҳои “Гурғулӣ”-ро замзама мекард ва мардон гӯш карда, баъдан ба хона омада ба фарзандонашон нақл мекарданд. Баъде, ки “Гурғулӣ” хатм мешуд, як нафар гӯянда пораҳои “Шоҳнома” ва қиссаҳои рӯзгори “Ҳотами Той”-ро ба мардум мехонд. Тобистонҳо ватқе мардум шабона ба гандумдарав мебаромаданд, як нафар даст ба гӯш бурда,  то субҳ Фалак мехонд. Ӯро пешовоз ё пешгуфтор мегуфтанд:

Фарёд зи дасти фалаки бебокам,

Овора бикард гардиши афлокам.

Оё зи кадом чашма бинӯшам обе?

Оё ба кадом гӯша бошад хокам?

Агар ягон мисраъ ё байт ба шунаванда писанд меомад “Э ҷон”, “Офарин”, “Боракалло” — гӯён пешовозро таҳсин мегуфтанд ва ӯ ба ваҷд омада, авҷҳои баландтару душвортарро мегирифт…

Он замон телевизор набуд ва як-як радиоҳои батериядор пайдо шуда буданд.  Бинобар ин, дар чунин ҳолатҳо мардум ниёзи маънавии худро мебаровард. Ана дар ҳамин муҳит ман ба воя расидам. Чун ба Донишкадаи санъат омадам, шуъбаи Фалак набуд, устод Аҳмад Бобоқулов, ки аз мо имтиҳон мегирифтанд, овози маро ба назар гирифта, ба шуъбаи “Шашмақом” қабулам намуданд.

-Яъне,  шумо дар гурӯҳи “Шашмақом” таҳсил кардед?

-Бале. Ман шогирди Барно Исҳоқова ҳастам.

-Барои шумо омӯхтани “Шашмақом” душвор набуд?

-Не. “Шашмақом” ин ифтихори ман аст. Маҳз тариқи “Шашмақом” банда бо адабиёти классикӣ ошноӣ пайдо кардам, асрори мусиқиро дарк намудам. Албатта, он замон радиои кишвар, ки аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор буд, барои шинохти мусиқии муосир ёрирасони мо буд. Банда тариқи радио бо эҷодиёти тамоми ҳунармандону композиторон ошноӣ пайдо кардам. Ҳамин тавр, бо роҳнамоии устодон ва талошу кӯшиши худ ба саҳна баромадам. Пас аз хатми донишкада дар ансамбли “Шашмақом” ҳам кор кардам.

-Аммо боз ҳам ба сурудҳои халқӣ, ба фалак рӯ овардед…

-Бале, зеро дар даврони ҷавонии мо як навъ эҳёи сурудҳои халқӣ ба вуҷуд омад. Ҳамкурсони ман Лола Азизова сурудҳои халқиро аз фолклори Масчоҳу Зарафшон зинда карда сароид, Ҳаётой Муъминова сурудҳои водии Ҳисорро мехонд, дигарон ҳам ба фолклор таваҷҷуҳ карднанд ва банда низ ба сурудҳои халқӣ рӯй овардам. Дар ин миён бо роҳбарии устод Зафар Нозим Ансамбли фолклорӣ-этнографии “Ганҷина” тшкил шуд. Ҳамин тавр, сурудҳои халқӣ, бахусус Фалак мардумӣ шуд. То ин давра, пӯшида нест, ки Фалак дар музофотҳои дигари  Тоҷикистон маҳбубият надошт, мисли он ки дар Хатлон “Шашмақом”-ро мардум гӯш намекарданд. Он солҳо аслан Фалак рушд накарда, фақат дар даҳони мардум буд. Ба ҷуз апаи Гулчеҳра Содиқова занҳо аслан фалак намесароиданд.Албатта, дар репертуари баъзе сарояндагон фалак буд, вале ба таври васеъ не. Маҳз дар даврони ҷавонии мо фалак рушд кард ва дар даврони Истиқлолияти кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат мақоми давлатӣ гирифт ва имрӯз ҷавонони зиёде фалаксаро ҳастанд, ки боиси хушнудист. 

-Шумо Ансамбли “Ганҷина”-ро ба ёд овардед, ки дар эҳёи сурудҳои халқии тоҷикӣ нақши сазовор гузоштааст. Фикр намекунед, ки айни замон зарурати эҳёи дигарбораи ин ансамбл пеш омадааст? 

-Бале. Ансамбли фолклорӣ-этнографии “Ганҷина” бо роҳбарии шодравон Зафар Нозим дар таърихи санъати тоҷик нақши мунир дорад. Чӣ тавре гуфтам, то пайдо шудани “Ганҷина” сурудҳои фолклории мо маҳаллӣ буданд, маҳз бо пайдо шудани ин ансамбл сурудҳо маҳбубият пайдо кардаву миллӣ шуданд. Мардум дарк кард, ки чӣ зебоиҳо, чӣ назокат ва чӣ ширинӣ дар сурудҳои қадимии мо ҳаст. Сурудҳои фалак маҳз дар ҳамин даврон гӯши фалакро кар карданд…

-Чаро имрӯз мо “Ганҷина”-ро сохта наметавонем?

-“Ганҷина” имрӯз ҳаст, аммо ба ном. Ман ба наздикӣ дар Филармония будам ва аз ин ансамбл ҳам дидан кардам, бачаҳо кор карда истодаанд, аммо онҳо ба дастгирӣ ниёз доранд. Барои “Ганҷина” мутахассис лозим. Зафар Нозим, Раҳмондӯсти Қурбониё ва Чиллахон Холов барин донандагони сурудҳои халқӣ бояд дар “Ганҷина” фаъолият кунанд. Зеро ин ансамбли фолклориву этнографӣ инъикосгари мусиқии ҳазорсолаи мо бояд бошад. Пештар шодравон Зафар Нозим ба, сатҳу сифати сурудҳо,  либос ва ҳатто ҳаракати ҳунармандон диққати махсус медоданд. Афсӯс ки банда кам дар “Ганҷина” кор кардам, маро ба ансамбли “Дарё” ва баъдан ба ансамбли “Фалак” гузарониданд.

-Шумо воқеан, дар оғози ташкилшавии ансамбли “Фалак” қарор доред, аммо чаро феълан дар он ҷо кор намекунед?

-Барои он ки моро аз он ҷо ронданд.

-Ронданд?

-Бале, иҷборан ба нафақа гусел карданд.

-Чаро?

-Худам ҳам намедонам. Аслан сарояндаро кадом вақт ба нафақа гусел мекунанд? Ҳамон вақте, ки овозаш хаста шавад ё фарбеҳ шуда саҳнанозеб шавад. Аммо ман на овозам хаста асту на фарбеҳам. Ҳанӯз ҳам потенсиали корӣ дорам ва шукр, ки ҳоло ҳам суруд мехонам, ҳамеша тариқи телевизиону радио баромад мекунам. Дар Донишкадаи санъат фаъолият дорам ва масъули “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳастам. Яъне, бекор нестам. Аммо афсӯс мехӯрам, ки потенсиали ман дар ансамбли “Фалак” истифода нашуд. Ман 12 сол дар ин ансамбл фаъолият карда, аз деҳаҳо, аз забони мӯйсафедону кампирҳо сурудҳои қадимиро сабт карда, бозхонӣ намудам. Яъне, бекор набудам. Дарвоқеъ, мо ҳоло Фалакро нашинохтаем, фалаки ҳақиқӣ ҳанӯз ҳам дар кӯҳистон дар забони мӯйсафедону кампирҳост, ки бояд онҳоро омӯзем, вагарна аз байн меравад.

-Фалак чист?

-Бар гӯши фалак расад чу фарёди фалак,

Бошад, ки шавад тамом бе доди фалак.

Дард аст фалак, ки бар фалак мегӯям,

То ки бирасад фалак бар доди фалак.

Фалак дард аст, фалак эҳсоси инсон, ҳолати рӯҳиву равонии он аст.

-Оё фалак мардонаву занона мешавад?

-Бале. Аллаи модар намунаи олии фалаки занона аст:

Эээ калон шавӣ, чаққон шавӣ,

Донандаи Қуръон шавииӣ,

Алае, алае, алаееее алааа.

Мушоҳида карда бошед, модарон дар алла на танҳо орзуҳояшонро, балки дарду доғашонро ҳам мегӯянд. Ин фалак аст. Фалаки занона аз рӯи мавзӯву муҳтаво ва тарзи иҷро фарқ мекунад.  Фалаки занона як навъ мулоим, равон ва зебо аст, фалаки мардона бошад, каме ғафсу мутантан ва албатта, умедворкунанда аст.

-Он гунае, ки аз таърих медонем, мавзуоти фалак дарду доғи зиндагиро фаро мегирад. Тавре шумо гуфтед, ҳолати рӯҳиву равонии инсонро инъикос мекунад. Аммо имрӯз Ватан, Парчам, Нишон ва Истиқлолият барин мавзӯъҳои рӯзмарра ҳам дар фалак садо медиҳанд. Магар ин ҷоиз аст?

— Он чизе, ки шумо дар назар доред, дар қолаби фалак хонда мешавад, вале фалак нестанд. Аслан бояд мо хусусиятҳои асосии фалакро нигоҳ дорем, мисле, ки қонунҳои “Шашмақом” тағйирнаёбанда ҳастанд. Мо фалакро эҳё кардем, Ҳукумат таваҷҷуҳ мекунад, аммо мо ҳоло онро ба таври бояду шояд нашинохтаем. Бояд талошҳои зиёд сурат гирад, ки фалакшиносии мо рушд кунад ва мо асрори ин санъати нодир, сурудеро, ки моро ба фалак мепайвандад омӯзем ва донем.

-Дар охир мехостам ба як масъала равшанӣ андозед. Шумо иҷрокунандаи сурудҳои халқӣ ҳастед, аммо чаро то ҳол унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро надоред. То ҳамин суҳбат ман намедонистам, ки шумо “халқӣ” нестед…

-Ба ин суол ҳам ман посух дода наметавонам, мисле ки ба суоли чаро дигар нафақахӯронро нигоҳ доштаву мо се-чор нафарро ронданд, посух надорам. Аслан ин чизҳо муҳим нестанд, ман эҷод мекунам, сурудҳои тоза пешкаши мухлисонам мегардонам, кош ҷоизаро дигарҳо гиранд ва ансамблҳоро ҳам ҳамонҳо банд кунанд. Мисле ки чандин нафарашон 1,5 -2 воҳиди кориро банд карда, илова бар ин нафақаи маъюбӣ мегиранд.

Одил Нозир, “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *