Зану шавҳари беникоҳро зиндон карданд!

Дар кӯчаи Пётри 1-и шаҳри Москва ду тоҷикро бо 5кг маводи мухаддир дастгир намуда, зиндон карданд. Аз рӯйи маълумотҳои ба дасти мо расида дастгиршудагон Шуҳрат Шоҳимови 25- сола ва Гулбаҳор Насриддиноваи 44- сола муддати як сол боз дар мулки рус ба хариду фурӯши марги сафед машғул будаанд. Гулбаҳор аз Шуҳрат қариб 20 сол калон бошад ҳам, ҷавон бо ин зани дар синну сол ба модараш баробар дар як хона мисли зану шавҳар зиндагӣ мекардааст. Никоҳи расмӣ надошта бошанд ҳам, Шуҳрат бо доираи «занаш» рақс мекардааст.  Модари ин ҷавони нашъафурӯш мегӯяд мо аз кору бори писарам дар мулки рус огоҳӣ надоштем. Вақте тағояш хабари бо нашъа дастгир шудани Шуҳратро расонд, ҳангу мангамон кард.

«Писарам як ҳафта пас тариқи бонк ба хона пул мефиристод. Падараш мепурсид, ки ту ин қадар пулро аз куҷо меёбӣ. Шуҳрат бо дили пур мегуфт, ки дар бозор савдо карда,  фоидаи калон ба даст меорад. Чандин маротиба падараш хост ба наздаш рафта дар кору бори бозор ба ӯ ёрӣ расонад, вале Шуҳрат баҳонаҳои гуногун пеш оварда рад кард. Акнун фаҳмидем, ки манбаи даромади писарамон бозор не, тамоман чизи дигар будааст. Гулбаҳораш кист намедонам, вале касе, ки набошад, яқин медонам, ки ҳамин занак сари писари ҷавону хоми моро гаранг карда, ба ин бало гирифтор намудааст. Беҳуда намегӯянд, ки дарахти макри зан сад реша дорад, ба доми фиреби зан афтида, Шуҳрат умри ҷавонашро хазон карду ҳаёташро бо дасти худаш сӯзонд…»,- мегӯяд модар ва зор-зор мегиряд, вале бо оби дида мушкил осон намешавад. Ҷинояткорон дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дошта, тафтишоти ин қазия идома дорад.

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *