Шабнами Сурайё: Табибони ҳинду модарамро аз дами марг наҷот доданд        

Ҳанӯз аввалҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар матбуот дар бораи бад шудани вазъи саломатии устоди санъати тоҷик Сурайё Қосимова хабарҳои ҳангомавии зиёде пахш гашта буданд. Баъзе бадхоҳони ин ситораи ҳунар аз фурсат истифода бурда, овоза паҳн намуданд, ки гӯё модари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар дами марг аст. Ҳамарӯза мухлисони ин бонувони ҳунар ба сомонаи мо занг зада, дар мавриди вазъи саломатии примадонаи саҳнаи тоҷик пурсон мешуданд. Инак, рӯзи 19-уми сентябр Фарзонаи Хуршед дар суҳбати телефонӣ дар мавриди бемории модараш Сурайё Қосимова  ба хабарнигорон иброз дошт, ки ҳоли модараш баъди барои табобат ба Ҳиндустон бурда оварданашон рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.  Фарзона, ки чанде қабл худ бори дуюм модар шуда, писарча ба дунё оварда буд, ба қадри модар ва ранҷу азобҳояш дар тарбияи фарзанд беҳтар мерасад. Фарзонабону дар бораи модари машҳураш бо муҳаббати бузург сухан ронда мегӯяд: «Дар мавриди бад шудани саломатии модарам ва дар дами марг қарор доштани ӯ душманонамон ҳангомаҳои зиёде сохтанд, вале шукри Худо бахт ба рӯйи мо хандиду модарам ба по хестанд ва ин шабу рӯз боз аз пайи эҷоди суруду таронаҳои нав ҳастанд…»

Барои фаҳмидани он ки суханони Фарзона то куҷо ҳақиқат доранд, мо бо  апааш, ситораи дурахшони санъати тоҷик Шабнами Сурайё дар тамос шудем.  Шабнами Сурайё суханони хоҳараш Фарзонаро тасдиқ намуда, гуфт, ки ҳоли модараш дар ҳақиқат пас аз табобат дар Ҳиндустон хеле беҳтар шудааст.

«Мо модарамро ба Ҳиндустон барои табобати узвҳои дарунияшон бурда будем. Табибони ҳинду модарамро ҳамаҷониба ташхис ва табобат намуданд ва мо дубора ба Ватан баргаштем. Ҳоли модарам хуб аст, вале барои дилпур шудан рӯзҳои наздик он касро боз як бор ба Ҳиндустон бурда, аз назари табибони донишманди ҳинду гузаронидан  мехоҳем…»

Ба саволи мо дар мавриди сабаби бемории модараш Шабнам чунин посух дод: «Марги падарам модарамро афгор кард. Барои ором кардани асабҳояш доруҳои ҳархела мехӯрд. Дар натиҷа дорую дармони зиёд ба ҷигараш зарар расонида бемор шуд. Аҳли оила маслиҳат намуда ба хулосае омадем, ки бояд модарамро барои табобат ба хориҷа барем. Дар бораи дастовардҳои табибони ҳинду дар соҳаи бемориҳои ҷигар ман бисёр шунида будам, аз ҳамин хотир модарамро ба ягон кишвари Аврупоӣ нею ба Ҳиндустон бурдам…»

Шабнаму Фарзона ният доранд, ки баъди пурра шифо ёфтани модарашон боз як консерти муштарак барпо намоянд. Дар мавриди он ки писарчаи Фарзонаро чӣ ном ниҳодаанд, Шабнам бо мамнунӣ хабар дод, ки ҷиянчаашро ба хотири зинда доштани номи падарашон Муҳаммадхуршед ном ниҳодаанд.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

19 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.