Зарари офатҳои табиӣ дар Хуросон: 302 га замин дигар кишт намешавад
Дар ноҳияи Хуросон 302 гектар замин бо як қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гардиши кишоварзӣ берун карда шудааст. Сабаби асосии фурӯ рафтани замин дар ин ноҳия офатҳои табиӣ гуфта мешавад.
Файзулло Қурбонов, муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки заминҳои фурӯрафта асосан аз ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ мебошанд. “Ин минтақаи ноҳияи Хуросон асосан сафедхок аст ва бо боридани борони сахт замин фурӯ меравад”,- афзуд вай.
Ба таъкиди вай, асосан фурӯ рафтани замин дар фасли баҳор бештар мешавад. Зеро дар ин фасл боридани борон бештар аст.
“Танҳо дар натиҷаи боридани борон дар соли 2020-ум 300 гектар замин зарар дидааст. Мутаассифона, дигар имконияти баргардонидани заминҳои фурӯрафта ба гардиши кишоварзӣ вуҷуд надорад. Ин масъаларо тамоми идораҳои дахлдор санҷида, баъд хулоса медиҳанд, ки замин аз гардиши кишоварзӣ берун карда мешавад”,- илова кард ҳамсуҳбатамон.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ