Ӯзбекистон: “Бо андӯҳи бузург хабар медиҳем, ки…”
Сарвазири Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар нимаи дувуми рӯзи гузашат ба таври оҷил ба Самарқанд рафтааст. Идораи шаҳрдории Самарқанд низ ба рӯбучину тоза кардани ҷодаҳо машғул аст, ки аз омода шудани шаҳр ба як маросими муҳим, гувоҳӣ медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки овозаҳо дар мавриди даргузашти Ислом Каримов бештар шудааст ва паёмҳои ҳузнангези чеҳраҳои саршинос ва хабарнигорон дар Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин овозаҳоро тақвият бахшидааст. Девони вазирони Узбекистон низ субҳи 2 сентябр бо пахши иттилоияи расмӣ эълон кард, ки вазъи саломати Ислом Каримов бад шудааст. Дар ин иттилоия гуфта шудааст,«ҳамватанони азиз, бо андӯҳи зиёд дар дил ба шумо хабар медиҳем, ки шаби гузашта вазъи саломати раиси ҷумҳурамон ба таври манфӣ тағйир кард. Ба қавли пизишкон вазъияти ӯ хеле шадид баҳогузорӣ мешавад”. Нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе мошинҳоро иҷозаи вуруд ба маҳали Расадхонаи Улуғбек ва маркази савдои «Сиёб» надоданд ва роҳҳо аз ҳама самтҳо ба ин минтақа баста мебошанд. Дар наздикиҳои оромгоҳи Шоҳи Зинда, мошинҳои боркаш мушоҳида шудаанд.Дар нимаи дувуми рӯзи якуми сентябри дар шаҳри Самарқанд тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда буд ва дар кӯчаву хиёбонҳо шумораи зиёди пулис ба назар мерасид. «Ҳама роҳҳо, аз расадхонаи Улуғбек то бозори «Сиёб» баста мебошад ва ҳеҷ кас, ба ҷуз сокинони маҳал ҳаққи ворид шудан ба ин маҳалро надоранд. Сарвазир ҳам ба инҷо омад»,- гуфт як манбаъ. Рӯзи 29-уми август оҷонсии «Фарғона» хабари марги президенти Узбакистонро пахш кард, вале ин хабар рӯзи 30-юми август аз ҷониби як қатор хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла РИА «Новости» ва «Интерфакс» рад шуда буд. Ислом Каримов аз соли 1991 ба ин сӯ дар сари қудрат қарор дорад. Ҳузури дарозмуддати ӯ дар курсии президентӣ ва назорати шадид аз тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мардум суолҳоеро дар заминаи ҷойгузин ё вориси қудрати ӯ доғ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ