Таъсис ва ташаккули телевизиони Тоҷикистон дар китоби муҳаққиқи ҷавон

Китоби нахустини муаққиқи ҷавони тоҷик, устоди кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ, Зафарҷон Эшматов (Зафар Аскар) аз чоп баромад.

Китоби пажӯҳишгар  «Таъсис ва ташаккули телевизиони Тоҷикистон” унвон дошта аз ҷониби нашриёти “Кайҳон” ба табъ расидааст. Ба қавли муаллиф ин китоб самараи тадқиқоти чандинсолаи ӯ роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва ташаккули телевизиони «Тоҷикистон», ташаккул ва такмили сохтор, рангорангии барномаҳо ва шаклу услуби намоишҳо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад ва эҳдо ба муносибати ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аст.

Рисола таҳти нзари доктори илмҳои филология,  марҳум, профессор Асадулло Саъдуллоев омодаву нашр  гардадааст.  Маҷмӯаи мазкур барои донишҷуён, аспирантон, устодони шуъбаву факултаҳои журналистика, муҳаққиқону кормандони ВЭА ва доираи васеъи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *