Ӯзбекистон дар Душанбе маҳсулоташро ба намоиш мегузорад
Палатаи савдо ва саноати Ӯзбекистон тасмим гирифтааст, ки дар Тоҷикистон намоишгоҳи маҳсулоти саноатиро баргузор намояд.
Палатаи савдо ва саноати ҶТ иттилоъ медиҳад, ки намоишгоҳ аз 17 то 21 апрели соли равон дар маркази савдои «Пойтахт-90»-и шаҳри Душанбе дар доираи таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор доир мегардад. Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ширкати «Узэкспосентр» аз ташаббускорони баргузории намоишгоҳ мебошанд.
Ҳадафи баргузории намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон татбиқи қарордодҳои зимни ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба даст омада, инчунин тақвияти равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя ва ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ