Зилзилаи сахт дар Бадахшон

Суби 29-уми март зилзила шарқи Тоҷикистонро такон дод. Бино ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, ин зилзила соати 4-у 51 дақиқаи вақти маҳаллӣ, рух додааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, маркази зилзила дар 280 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 15 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ — маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон воқеъ буда, шиддати зилзила дар маркази он 4 дараҷаи Рихтер ва дар шаҳри Хоруғ 3 дараҷаро ташкил додааст. Дар манотиқи дигари Тоҷикистон зилзила эҳсос нашудааст. Ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ва хисороти молиро ба дунбол надоштааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.