Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мактаб месозад

Тоҷикистон дар  вилоятҳои Самарқанд ва Фарғонаи Ӯзбекистон  ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумиро сохта, мавриди истифода қарор  медиҳад.

Мактаб дар Самарқанд  барои 640 ҷойи нишаст ва Фарғона  барои 300 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Дар ин бора Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  19-уми июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон низ дар ду ноҳияи Тоҷикистон, аз ҷумла  Спитамен ва Қубодиён барои 630 ҷойи нишаст мактаб бунёд менамояд.

Тасмими сохтани муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони  кишварҳои ҳамсоя ҳангоми сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёв ба Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон сурат гирифта буд,  гирифта шудааст.

Инчунин, доир ба ин масъала байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи давлатии Ӯзбекистон оид ба меъморӣ ва сохтмон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *