Зеленский 53 рӯз боз интизорӣ мекашад. Силоҳ кай ба дасти украиниҳо мерасад?
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар як паёми видеоие, ки рӯзи якшанбеи 17-уми апрел нашр шуд, гуфт: «Ҳар таъхир дар таъмини силоҳ таъхири сиёсии иҷозаи Русия барои куштани украиниҳост». Ба гуфтаи вай, Киев аз рӯи баъзе бандҳои дархосташ ба шарикони ғарбӣ интизори посухи 53 рӯз аст, яъне ҷанги Русия алайҳи Украина маҳз чанд рӯз идома мекунад.
«Баъзе ҷавобҳо тавре таҳия шудаанд, ки интиқол танҳо дар моҳи май оғоз мешавад»,- гуфт Зеленский. Вай гуфт, ки ҳоло неруҳои Русия тирборони Харковро идома медиҳанд ва онро «террори бошуурона» номид. Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Украина, танҳо дар чаҳор рӯзи ахир дар ин шаҳр беш аз 100 нафар маҷруҳ гардида, ҳудуди 20 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Таъмини аслиҳаи вазнин ба Украина Олмонро ба иштирокчии ҷанг табдил намедиҳад, зеро Украина алайҳи Русия ҷанги дифоии қонунӣ мебарад. Дар ин бора рӯзи 16-уми апрел Марко Бушманн, вазири адлияи Олмон хабар дод.
Рӯзи дигар маълум шуд, ки Кристин Ламбрехт, вазири дифои Олмон интиқоли навбатии силоҳ ба артиши Украинаро тасдиқ кардааст. Сухан дар бораи 58 транспортёри зиреҳпӯш аз запасҳои ҳарбии Армияи миллии халқии ҶДГ меравад. Ҳоло онҳо ба як ширкати чехӣ тааллуқ доранд, ки мехоҳад онҳоро ба Украина фурӯшад.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳи хонанда