Аз сарвожатии мактаб то муовини вазир. Абдулзода кист?

Зиёдулло Абдулзода, ки чанде пеш дар курсии муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон такя зад, 51 сол дошта, фаъолиятро аз сарвожатии мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур ва баъдан челонгари ширкати “Дизел”-и шаҳри Душанбе оғоз намудааст.

Бино ба маълумоти нашрнамудаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, фаъолияти минбаъдаи ӯ солҳои 1991-1994 — корманди ширкати “Силсила”-и шаҳри Душанбе, 1994-1995 — муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 1995-2010 — директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Шоҳмансур, 2010-2014 — директори гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе, 2014-2017 — директори мактаб — интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе, 2017-2021 — директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, 2021-2022 — директори литсейи №1-и шаҳри Душанбе идома ёфтааст.

Аз 11-уми апрели соли 2022 то имрӯз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст.

Зиёдулло Абдулзода дар вазифаи муовини вазири маориф ва илм масъулияти самти кӯдакистонҳо ва муассисаҳои миёнаро бар зимма дорад. То омадани ӯ, дар ин вазифа Гулчеҳра Ғанизода иҷрои вазифа дошт. Баъди як тағйироти кадрии ахир дар баробари вазири маориф ва дигар муовинон ӯ ҳам аз мақомаш озод шуд. Гулчеҳра Ғанизода камтар аз як сол кор кард.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.