Жапаров интиқод аз созишномаи марзии Қирғизистону Тоҷикистонро иғвоангезӣ номид
Президенти Қирғизистон Содир Жапаров интиқоди вакили парлумон Султонбой Ойҷигитов аз созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро як иғво хонд.
Тибқи гузориши хабаргузории “Фергана” Ойҷигитов, ки собиқ ҳокими вилояти Бодканд аст, дар ҷаласаи 5 март баъзе нуктаҳои созишномаро интиқод карда, гуфтааст, ки он ба манфиати Тоҷикистон анҷом ёфтааст. Ойҷигитов пешниҳод кардааст, ки роҳи Дӯстук–Оқ-Сой–Ворух барои истифодаи муштараки ҳарду кишвар бо созишномаи нав танзим шавад. Ба гуфтаи ӯ, деҳаи Дӯстук, ки барои Қирғизистон аҳамияти стратегӣ дорад, ба Тоҷикистон дода шудааст.
Ин изҳорот боиси вокунишҳои шадид дар парлумон шуда, аксари вакилон ҳалли мушкилоти сарҳадиро қадами таърихӣ барои сулҳу субот номида, хостори ором кардани ҷомеа шуданд. Ҳамон рӯз Ойҷигитовро аз узвияти фраксия хориҷ карданд.
Жапаров таъкид кардаст, ки масъалаи марз ҳал шудааст ва минбаъд баҳсҳои беохир дар бораи ҳудудҳо ҷой надоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ