Дар Вологда манъи санади фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмон бекор шуд

Мақомоти вилояти Вологдаи Русия тасмим гирифтанд, ки мамнӯъияти ҷалби муҳоҷиронро дар бахши сохтмон бекор кунанд.
Қарори дахлдори губернатор Георгий Филимонов дар портали иттилооти ҳуқуқии минтақа нашр шудааст.

Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки ширкати «Северстал» бар зидди маҳдудиятҳо изҳори назар кард. Ба гуфтаи намояндагони ширкат, манъи кори муҳоҷирон метавонад ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар минтақа, аз ҷумла сохтмони маҷмааи тавлиди санги оҳан монеа пеш орад.

Дар асоси санади нав, шумораи ҷойҳои кори холӣ дар бахши сохтмон афзоиш ёфтааст, аммо шаҳрвандони маҳаллӣ барои пур кардани ин ҷойҳо кофӣ нестанд. Ба ин далел, мақомоти Вологда иҷозат доданд, ки муҳоҷирон дубора дар сохтмонҳо фаъолият кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *