«Жора-Тушёнка” ва «Гера-Барон”-ро 24 сол зиндонӣ карданд

Додгоҳи вилояти Омск ду зодаи Тоҷикистон – Зубайдулло Қодиров, мулаққаб ба «Жора-Тушёнка” ва Руслан Мухторов, мулаққаб ба «Гера-Барон”-ро бо ҷурми ғорати муҳоҷирони тоҷик мутаносибан ба 15 ва 9 соли зиндон маҳкум кард.

Додраси додгоҳи вилояти Омск Николай Гаркуша рӯзи 15 июн ҳукми ду зодаи Тоҷикистон -Зубайдулло Қодирови 56-сола ва Руслан Мухторови 44-соларо эълон кард. Зубайдулло Қодиров, раҳбари собиқи ҷамъияти тоҷикони вилояти Омск, ки бо лақаби «Жора-Тушёнка” маъруф буд, ба 15 соли зиндон, ва мууовини ӯ Руслан Мухторов, мулаққаб ба «Гера-Барон” ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ҳайъати ҳакамон рӯзи 19 май Зубайдулло Қодиров ва Руслан Мухторовро дар ташкили гурӯҳи мусаллаҳ бо ҳадафи ғорати муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбекистон гунаҳкор шинохта буд. 4 узви дигари ин гурӯҳ дар ҳоли фирор қарор доранд.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Зубайдулло Қодиров дар соли 2012 аз ҳисоби зодагони Тоҷикистон як гурӯҳи мусаллаҳ ташкил дода, то соли 2014 дар шаҳру вилояти Омск ва манотиқи атрофи он ба ғорати муҳоҷирон машғул буд. Аъзои ин банда муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро бо силоҳи оташфишону травматикӣ тарсонда, бо калтаку корд мезаданд ва аз онҳо «ҳақ” талаб мекарданд. Дар ду маврид аъзои ин банда бо ҳадафи тарсондан ҳатто мошинҳои муҳоҷиронро дар Омск оташ задаанд.

Додгоҳ Қодиров ва Мухторовро дар 11 мавриди ҳамлаҳои ғоратгарона ба муҳоҷирони корӣ бар асоси моддаҳои «бандитизм”, «барқасдона хароб кардани амволи дигарон”, «ғоратгарӣ аз тарафи гурӯҳи муташаккил”, «тамаъҷӯӣ ба маблағи бузург” ва «ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ” гунаҳкор донист. Ҳоло ба онҳо то 25 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Зубайдулло Қодиров ва Руслан Мухторов худро раҳбарони ҷамъияти тоҷикони Омск ва ҳатто раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Омск муаррифӣ карда, аз муҳоҷирони тоҷик талаб мекардаанд, ки бояд ба онҳо ҳар моҳ ҳаққи муайян супоранд. Касе ки саркашӣ мекард, одамони Қодиров ва Мухторов болояш ҳамла меоварданд.

Аксари муҳоҷирони бечора аз тарс дар ягонҷо лаб ба шикоят намекушоданд ва хапу дам «ҳаққ”-и рэкетирҳои Қодиров ва Мухторовро месупурданд. Дар ниҳоят ба тафтишот муяссар шудааст, ки 6 ҷабрдидаро пайдо ва ба додгоҳ ҳозир кунад.

Руслан Мухторов, мулаққаб ба «Гера-Барон” баъди боздошташ гуноҳи худро эътироф карда, бо тафтишот ҳамкорӣ кард. Вале Зубайдулло Қодиров то охир ба бегуноҳиаш пойфишорӣ мекард ва ҳатто дар ҷараёни мурофиа ба муҳоҷироне, ки ба зидди ӯ баёнот доданд, таҳдид ҳам кардааст, ки «ман одамони мисли шуморо ҳамеша пахш мекардам, мекунам ва хоҳам кард.”

Пулис мегӯяд, аъзои ин гурӯҳ қариб ҳама зодаи Тоҷикистон буда, асосан ба муҳоҷирони тоҷик ҳамла мекарданд ва мардикорони тоҷикеро, ки дар сохтмонҳои вилояти Омск кор мекарданд, «ҳақ” баста буданд. Ба гуфтаи тафтишот, дар байни солҳои 2012 – 2014 дасти кам 9 муҳоҷири тоҷик ҳадафи ҳамлаи ин банда қарор гирифта, ҳар кадоми онҳо ба ҳисоби миёна ба ғоратгарон аз 50 то 300 ҳазор рубл «ҳақ” супурдаанд. Дар парвандаи ин банда дар маҷмӯъ 11 мавриди ғорати муҳоҷирони тоҷик дӯхта шудааст.

Пулис мегӯяд, ҷабрдидаҳо ба мақомот шикоят намекарданд, чунки аз ҷони худу наздиконашон метарсиданд. Ва ин тарси онҳо беасос набудааст: Ҳангоми кофтукоб аз манзилҳои аъзои бандаи «Гера Барон”, ба гуфтаи мақомот, ду пистолет, 5 камони шикорӣ, 23 корд ва 1,3 миллион рубл пайдо кардаанд.

Ду узви бандаи «Гера Барон” аз сӯи мақомоти ФСБ ва пулиси Омск моҳи декабри соли 2015, бар асоси шикояти як муҳоҷири тоҷик бо номи Алишердастгир шуданд.

Ибтидо як нафари силоҳбадаст ба манзили ин муҳоҷири тоҷик ҳамла овард. Соҳиби хона аз тиреза фирор кард, вале ҳамлагар тамоми манзилро дар пеши чашми зану се фарзанди хурдсоли ӯ тагурӯ карда, 200 ҳазор рублашро ба яғмо бурд. Ин муҳоҷир аз пулис кумак хост ва вақте ғоратгарон бо талаби «ҳақ” бори дувум ба хонааш «ташриф” оварданд, онҳоро мақомоти ФСБ ва пулис мунтазир буданд ва билофосила дастгир карданд.

Дар пайи боздошт пулис аз манзили Руслан Мухторов ду мил пистолет, 8 адад яроқи сард ва беш аз 1 миллион рубл кашф ва мусодира кард.

Алишер дар шарҳи ин қазия ба нашрияи маҳаллии «Антенна 7” гуфт, Руслан Мухторов ва шариконаш аз вай талаб кардаанд, ки аризаашро аз пулис бигирад: «Ду кас даромаданд ва якеи дигар дар пушти фармони мошин буд. Пурсиданд ки «Туӣ Алишер? Мехоҳем бо ту сӯҳбат кунем. Ту ариза навиштаӣ. Беҳуда кардӣ ин корро. Пушаймон мешавӣ. Агар аризаатро нагирӣ, оилаатро дигар намебинӣ. Худатро ба он дунё мефиристем.”

Руслан Мухторов ва зодаи дигари Тоҷикистон Зубайдулло Қодиров, мулаққаб ба «Жора Тушёнка” моликони ширкати «Масс-Маркет” мебошанд, вале дар асл ӯ дар Омск ба рэкет машғул буд.

Руслан Мухторов қаблан ҳам дар соли 2012 дар пайи як муноқиша дар чойхонаи «Қишлоқ”-и шаҳри Омск, ки ба Мавлонхон Ҷаҳонгиров аз Узбекистон тааллуқ дорад, ҳамроҳ бо Зубайдулло Қодиров ва шарики дигараш Абдулло Қодиров, мулаққаб ба «Кашей” дастгир шуда буд. Пулис аз ширкаткунандагони ин муноқиша як пистолети газии ИЭ-79, пистолети Grand Power T-10 , ду камони ТОЗ, 32 патрон ва силоҳҳои дигар мусодира кард. Вале дар ниҳоят ҳамаи онҳо дар додгоҳ бо пардохти ҳамагӣ 700-рублӣ ҷарима аз боздошт раҳо ёфтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *