Дузди ёқути Мурғоб ба даст афтод

Бино ба иттилои ВКД дар ноҳияи Мурғоб марди 27-солаи сокини ҳамин ноҳия зимни як чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир гардид.

Кормандони милитсия дар вақти кофтукови шахсӣ аз кисаи курткаи гумонбаршуда, аз дохили халтаи полиэтиленӣ 150, 75 грамм сангҳои сурхчатоб дарёфт ва мусодира намуданд.
Ташхис нишон дод, ки сангҳои қимматбаҳои мусодирашуда ба навъи “ёқут” мансубанд.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *