Жулидамӯҳо Кобулро мегиранд?

Кобули расмӣ наметавонад, ҳокимиятро нигоҳ дошт, андешадорад генерал-лейтеннанти мустаъфе, роҳбари Маркази таҷрибавию сиёсӣ-ҳарбии тадқиқи факултаи сиёсати ҷаҳонии ДДМ Евгений Бужинский .

Таҳлилгар бар он аст, ки дар моҳҳои наздик Толибон пойтахти Афғонистонро зери тасарруфи худ мегиранд.

Марбут ба ин генерал-лейтеннант мустаъфе аз тариқи эфири радиои “Говорит Москва” эҳтимолияти шикасти ҳукмат дар сатҳи пасти тайёрии қушунҳои ҳарбияш мебошад.

“Ҳангоме, ки армияи шӯравӣ аз Афғонистон баромад, армияи Афғонистон пурқуват ва таҷрибадида буд. Ҳоло бошад сатҳи тайёрии қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон хеле паст мебошад. Аз ин сабаб мушкилоте барои ба датовардани Кобул намемонад. Ва Толибон дар кутоҳтарин муддат метавонанд Кобулро ба дасти худ гиранд ва дар қисмати калони Афғонистон назорати Толибон роҳандозӣ мешавад” гуфтааст Бужинский.

Дар ҳақиқат амалиётҳои тайи чанд ҳафтаи охир гузаронидаи Толибон ва ба зери тасарруфи худ даровардани чандин манотиқи муҳими Шимол на танҳо афғонҳоро балки ҳамсоясарҳадҳову кишварҳои дигари минтақаро нигарон кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *