Душанбе мизбони бозиҳои Ҷоми Осиё-2022 мегардад

Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки дар бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро барои U23 баргузор мекунанд, тасдиқ намуд.

Мувофиқи хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон сабқати яке аз гурӯҳҳо аз 23 то 31 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Кишварҳои Тоҷикистон Баҳрайн, Урдун, Кувайт, Қатар ва Аморати Муттаҳидаи Араб мизбони бозиҳои даври интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи ғарбӣ хоҳанд шуд.

Бозиҳои минтақаи шарқӣ дар Муғулистон, Индонезия, Сингапур, Тайланд ва Тайбэйи Чин баргузор хоҳанд гашт.

Гуфта мешавад, ки қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола 9 июли соли равон дар Тошканд доир мегардад.

Бар асосӣ қуръакашӣ мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 23-сола 43 даста ба 11 гурӯҳ тақсим карда мешаванд, ки минтақаи Ғарб аз 6 гурӯҳ ва Шарқ аз 5 гурӯҳ иборат аст.

Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1 то 19 июни соли 2022 дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, ёздаҳ ғолибони гурӯҳ ва чаҳор дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуввумро гирифтанд, шомиланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *