Журналист Алексей Пивоваров баъд аз ваксинаи Спутник коронавирус шуд
«Азбаски бисёриҳо аллакай медонанд, ман фикр мекунам, ки дар ин бора навиштан дуруст аст: ман гирифтори коронавирус шудам» гуфтааст рӯзноманигор дар Инстаграми худ. Ба гуфтаи ӯ, вай аз рӯзи 23 ноябр дар инзиво қарор дошт ва фосилави кор мекунад. “ Ду моҳ пеш ба ман ваксин гузаронида буданд. Таҷриба нишон до, ки ваксинаи Sputnik дар ҷисми ман кор накард «гуфтааст Пивоваров. Ҳоло шумораи умумии гирифторони COVID-19 дар Русия ба 2 215 533 нафар расидааст, ки дар давоми рӯзи гузашта дар як шабонарӯз зиёда аз 27 ҳазор ҳолати коронавирус ошкор карда шудааст. 496 нафар қурбони коронавирус шуданд, дар маҷмӯъ — 38 558 нафар то имрӯз вафот карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ