Журналист аз дарди гурда даргузашт

Илҳом Мадализода, поягузори нашрияи “Соҳил”, нашрияи МИҲД-и шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) субҳи 14-уми март дар синни 61-солагӣ бар асари беморӣ даргузашт. Ӯ то лаҳзаи вафоташ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳрдории Гулистон буд.

Аз МИҲД-и шаҳри Гулистон гуфтаанд, ки Илҳом Мадализода як моҳи ахир аз бемории гурда азият мекашид ва ин беморӣ дар ниҳоят ӯро аз миёни мо рабуд.

Илҳом Мадализода 1-уми сентябри соли 1960 дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон таваллуд шуда, соли 1982 риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм карда буд.

Бо ташаббуси ӯ 11-уми марти соли 1998 дар шаҳри Гулистон нахустин рӯзномаи расмии ин шаҳр бо номи “Соҳил” таъсис ёфт ва Илҳом Мадализода то соли 2012 вазифаи сармуҳарририи онро ба дӯш дошт.

Ӯ ҳамзамон дар солҳои 1995-1998 муовини директори ширкати телевизионии “Темурмалик” буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *